Рубрики Хабарҳо

Мақомоти Исфара аз шурӯъи бозсозии хонаҳои дар муноқиша харобшуда хабар доданд

Дар шаҳри Исфара ба сохтмону бозсозии биноҳое сар карданд, ки шаш моҳ пеш дар натиҷаи даргирии хунин бо неруҳои Қирғизистон дар марз осеб дидаанд.

Пештар сокинон борҳо аз таъмир нашудани хонаҳои зарардидаи худ шикоят карда буданд. Дар муноқишаи хунини шаби 27 ба 28-уми январи имсол ҳудуди 50 манзили зист хароб шуда буд.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 13-уми июл ба рӯзноманигорон гуфт, ки масъулини мақомот азм доранд, ҳарчӣ зудтар хонаҳои вайроншуда аз муноқишаи марзии моҳи январро бозсозӣ намоянд. Дар он ҳодиса аксаран ҳавливу хонаҳои сокинони ҷамоати Чоркуҳу Сурхи ин шаҳр зарар дида буданд.

“Хонаҳое, ки дар муноқишаи 27-уми январи соли 2022 зарар дида буданд, ба бозсозияш шурӯъ кардаем. Ҳоло хонаҳое, ки дар ҷамоати Чоркуҳ ҳастанд, таъмир шуда истодаанд. Рӯзҳои наздик ба пуррагӣ таъмир карда, ба соҳибонаш супорида мешаванд. Ҳозир, асосан ду хонае, ки пурра сӯхта тамом шуда буданд, сохта шуда истодаанд ва кӯшиш мекунем ба наздикӣ ба истифода супорем.”,—гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон зарари расидаро наздик ба ду миллион сомонӣ ҳисоб карда буданд. Сокинон мегӯянд, намояндагони ҳукумат «борҳо омада, ваъдаи ҷуброн карданд», вале тақрибан ним сол саргардон шуданд. Дар ин хонаҳо беш аз 240 нафар иқомат мекунанд. Радиои Озодӣ ҳам бо муроҷиати сокинони зарардида дар ин мавзӯъ борҳо гузориш таҳия карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *