Рубрики Хабарҳо

Боз як зиндонии сиёсиро ба марг расониданд

Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии дигари сиёсии узви Раёсати Олии ҲНИТ ва узви собиқи Комиссиюни оташбас ва сипас Комиссиюни интихоботии Тоҷикистон дар синни 63 солагӣ дар зиндони Ваҳдат даргузашт. Ӯ аз чанд беморӣ, ки бар асари шиканҷаҳои тӯлонӣ дар зиндон пайдо шуда буданд ранҷ мебурд ва маргашро метавон марги маҷбурӣ номид.

Ҷалолиидини Маҳмуди 63 сола рӯзи 12 август дар зиндон ҷон ба ҷонофарин супурда ва рӯзи 13 август дар зодгоҳаш, деҳаи Ҷуқураки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд. 

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз даргузашти узви собиқаш изҳори андӯҳ карда, ба “хонаводаи ӯ ва тамоми аъзову ҷонибдорони ҳизб таслият гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои марҳум орзуи мағфирату омурзиш ва барои бастагонаш сабру шикебоӣ” хостааст. 

“Марҳум Ҷалолиддин дар расидан ба сулҳу суботи кишвар нақши муҳим дошт ва инак дар зиндон барои ҳифзи арзишҳои динӣ ва манофеъи миллӣ ҷоми шаҳодатро чашид. Ӯ ба унвони раиси Комиссияи назорат бар оташбас аз тарафи мухолифин дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият кардааст ва яке аз мухолифини авал буд, пеш аз сулҳ бо вуҷуди ҳама рискҳо ва хатарҳо ба Тоҷикистон баргашт, то дар кишвар оташбас ва қатъи ҷангро назорат бибарад. Марҳум чандин сол ба ҳайси узви КМИР низ кор карда буд” — омадааст дар баёнияи ҲНИТ.

Паймон миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷ, ки ҲНИТ низ яке аз чаҳор узви он аст, бо таассуф аз марги Ҷалолиддини Маҳмуд аз “муносибати ҳукумат бо зиндониёни сиёсӣ изҳори нигаронӣ” кардааст.

“Шӯрои ПМТ бар ин бовар аст, ки даргузашти мазлумонаи Ҷалолиддини Маҳмуд баёнгари муносибати ғайриқонунӣ ва зиддиинсонии ҳукумат нисбати зиндониёни сиёсӣ мебошад. Ҳамчунин дубора зиндонӣ кардани Ҷалолиддини Маҳмуд ва даҳҳо нафари дигар бо баҳонаи кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳояшон далели дигари амалҳои барномарезишудаи мақомот барои фишор болои зиндониёни сиёсӣ мебошад”, омадааст дар изҳороти ПМТ.

Паймони миллӣ гуфтааст “мақомот дидаву дониста барои маҳбусон ва ба вижа маҳбусони сиёсӣ шароити тоқатфарсо ва ғайриинсониро месозад, то ба мақсади асосиаш — қатли бидуни додгоҳии дигарандешон бирасад”.

Эътилофи мухолифин аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва созмонҳои зирабт дар умури зиндонҳо хостааст ба вазъияти зиндонҳо ва ба хусус зиндониёни сиёсӣ таваҷҷӯҳи бештар намоянд ва аз Салиби сурхи ҷаҳонӣ дархост карда, ки “раванди дармон ва табобати зиндониёни сиёсиро дар Тоҷикистон зери назорати қатъӣ бигирад”.

Панҷ моҳ қабл манбаъи “Паём” хабар дода буд, ки Ҷалолиддини Маҳмуд бинобар шиддат гирифтани чанд беморие, ки дар зиндон ба онҳо мубтало шудааст, дар вазъи бисёр вахиме ба сар мебарад ва барояш хатари марг таҳдид мекунад. Ӯ дар госпитали зиндон бистарӣ буд ва раёсати зиндон ба интиқолаш ба бемористонӣ маданӣ изоҷат намедод. 

Ба гуфтаи манбаъи “Паём” Ҷалолиддини Маҳмуд якбора аз чанд беморӣ ранҷ мебурд:

  1. Шушаш об гирифта ва варам кардааст;
  2. Аз ноҳияи узви таносул грижа шудааст ва бо мушкил роҳ мераваду пешоб мекунад;
  3. Фишори хунаш ба 200 расида ва чанд рӯз аст, ки аслан поин намефарояд;
  4. Як гӯшаш тамоман намешунавад ва гӯши дигараш ҳам танҳо бо асбоби шунавоӣ қодир ба шунидан аст. 

Табибони госпитал гуфта буданд имкони зинда мондани Ҷалолиддини Маҳмуд ҳамагӣ 20 дарсад аст, аммо ҳатто дар ҳамин ҳол, мақомоти зиндон ба интиқоли ӯ ба бемористони маданӣ иҷоза надоданд.  

Ҷалолиддини Маҳмуд моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми нигаҳдории маҳкум ба 5 соли зиндон шуда буд. Ӯ моҳи апрели соли 2019 бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад, аммо 3 августи соли 2020 дубора боздошт ва бо иттиҳомоти сохта ба 6 солу 8 моҳи зиндон маҳкум гашт. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *