Рубрики Хабарҳо

Русия убури шаҳрвандони ИДМ аз қаламравашро иҷозат дод

Тибқи қарори ҷадиди Ҳукумати Русия марзҳои ин кишвар барои убури шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Обхозистон ва Осетияи ҷанубӣ шартан боз хоҳад шуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати Русия шоми 23 март нашр кард. Дар иттилоия гуфта шудааст, ки  «Тасмим гирифта шуд, ки маҳдудияти муваққат барои вуруд ба Федератсияи Русия нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Обхозистон ва Осетияи ҷанубӣ, ки ба Русия тавассути гузаргоҳҳои майдонҳои ҳавоӣ ворид мешаванд ва тавассути гузаргоҳҳои майдонҳои ҳавоӣ ва гузаргоҳҳои дигар тавассути  дигар нақлиёт роҳии кишварҳои худ мебошанд, ҷорӣ карда нашавад». 

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш аз 18 март то 1 май манъ кардааст. Тоҷикистон низ аз 20 март фурудгоҳҳояшро ба ҳамин далел баст.

Аз паи ин иқдом дар фурудгоҳҳои Русия ва дар Тоҷикистон садҳо муҳоҷири тоҷик дармонданд, ки бо шурӯи мавсими нави муҳоҷирати корӣ азми сафар ба Русияро доштанд.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Беш аз 2,5 миллиард долларе, ки ҳар сол ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон ирсол мешавад, як манбаи аслии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷик ва ҳам як омили умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ дониста мешавад.

Гуфтанист, дар қарори ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки марзҳои ин кишвар барои онҳое боз мешаванд, ки азми тариқи Русия баргаштан ба кишварҳои худро доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *