Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон содироти филизоти қиматбаҳоро 30% афзоиш дод

Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2021 содироти филизоти қиматбаҳоро 30% афзоиш дод ва ин 41,7% зарфияти содиротии кишварро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, 41,7%-и ҳаҷми содироти коло ба фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо рост меояд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2021 содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо 896 миллиону 697,2 ҳазор долларро ташкил додааст.

Тибқи омор, афзоиши ҳаҷми содироти ин металлҳо нисбат ба ҳамин нишондодҳои соли 2020, 30 фоиз бештар будааст.

Ҳаҷми воридоти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо дар ин давра беш аз 5,2 миллион долларро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2020 2,8 баробар зиёд буд.

Дар бораи ҳаҷми истихроҷи тилло дар омор чизе гуфта нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *