Рубрики Хабарҳо

Вазирони нақлиёти кишварҳо ОМ дар Душанбе ҷамъ мешаванд

Вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ 13 сентябр дар Душанбе барои нахустин нишасти якҷоя ҷамъ меоянд, то масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро баррасӣ кунанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷаласаи нахустини вазирони  нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе баргузор мешавад.

Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ  масоили ҳамкориро  дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуда, интизор меравад, ки санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шаванд.

Дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд, ки ба дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу  гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, муколамаи занони  Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи рассомон, нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *