Маъмури амниятӣ, ки ноҳияи Аштро ба дод оварда буд, дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Ӯ даҳҳо сокини ин ноҳияро бо иттиҳомоти сохта боздошт, таҳдид ва ғорат карда, ҳади ақал 5 нафарро ба зиндон фиристода буд. Марги ӯ дар садама аз камтар ҳаводиси нохуше буда, ки мардум изҳори хушҳолӣ намоянду оҳи сабук кашанд.
“Паём” ному насаби 16 нафарро дар даст дорад, ки муовини раиси Шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт бо иттиҳомоти комилан сохта боздошт карда ва аз онҳо маблағҳои ҳангуфте — аз 5 то 12 ҳазор доллар ситонидааст. Ба гуфтаи шоҳидон ин шумор бамаротиб бештар аст. “Паём” ба ҷамъоварии ному насаби ғоратшудагон идома медиҳад.
Ҳамчунин ҳади ақал 5 сокини ин ноҳия, ки натавонистаанд маблағҳои талабкардаи ин афсари амниятиро пардохт кунанд, ба солҳои гуногуни зиндон — аз 3 то 8 сол маҳкум шудаанд.
Ин маъмури амниятӣ, ки Силмонев Ямин Ҳокимбоевич ном дошта ва мутаваллиди соли 1995 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, ба гуфтаи шоҳидон на сардори амнияти ноҳия ва на дигар мақомоти Ашт, аз ҷумла додситон ва раиси ноҳияро ҳам писанд намекардааст. Ӯ иддао мекарда, ки пуштибонаш шахси Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ аст.