Додситонии федералии Олмон рӯзи 21 июл хабар дод, ки алайҳи зодаи Тоҷикистон Равшан Б., ки аз моҳи марти соли 2019 дар ҳабс қарор дорад, бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ), омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Олмон аз номи ДОИШ, ғайриқонунӣ гардондани силоҳи оташфишон ва маблағгузории созмони террористӣ айбнома эълон кардааст.
Додситонии Олмон гуфт, то имрӯз даст доштани Равшан Б. дар нақшаи нокоми сӯиқасд ба ҷони як соҳибкор дар Албания дар ивази 40 ҳазор евро, қасди куштори як мунтақиди Ислом бо фармони ДОИШ ва интиқоли 1000 евро ба ҷангиёни ДОИШ дар Сурия тавассути як гумошта дар Туркия собит шудаааст.
Равшан Б. – зодаи шаҳри Душанбе бо номи Равшан Баротов аст, ки занаш аз Литва аст ва онҳо ду фарзанд дошта, чандин сол боз дар Олмон ба сар мебурданд.
Он мунтақиди Ислом, ки инҳо куштанӣ буданд, бино ба иттилои дарёфтӣ, як блогери паноҳҷӯ аз Олмон аст, ки видеои китоби «Қуръон»-ро намоишкорона сӯзонданашро дар Интернет нашр карда буд.
Моҳи марти соли 2019 ҳамроҳи Равшан Б. 11 зодаи дигари Тоҷикистон низ дастгир шуда буданд, вале онҳоро баъдан раҳо карданд. Аммо рӯзи 15 апрели соли 2020 дар чорчӯби парвандаи Равшан Б. боз 4 зодаи Тоҷикистон — Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. – дастгир шуданд. Як зодаи дигари Тоҷикистон – Комрон Зуҳуров – дар поёни моҳи апрел дар чорчӯби ҳамин парванда дар Албания дастгир шуд ва додгоҳи Албания алакай ҳукми истирдоди ӯ ба Олмонро содир кардааст.