Собирзода Зайдулло Фозил дар вазифаи додраси Додгоҳи шаҳри Ҳисор кор карда, ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд “А” барои нисбаташ таъин кардани ҷазои сабуктар 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Тибқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Собирзода 12-уми апрели соли равон маблағи 10 ҳазор сомониро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Зайдулло Собирзода баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 20 ҳазор сомонии боқимонда дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Собирзода З.Ф. бо моддаи 319 қисми 3 (Гирифтани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.