Рафиқ Эмомалӣ Шарипович, президенти тавассути пулемёт ба сари қудрат омадаи Тоҷикистон!
Аз ман наранҷ. Акнун боз як унвонат зиёд шуд. Ин унвонро ба ту дӯсти худат, як диктатори чун худат пурсобиқае дар фазои пасошӯравӣ — Владимир Лукашенка додааст, ки барои ҳифзи мавқеи худ ва боз ҳам дар Беларус сари қудрат монданаш аз ҷаллодии туву Ислом Каримов мисол овардаву ҳамагӣ яке аз садҳо “қаҳрамони”-ҳоятро таъкид кардааст. Баромади рӯирости Лукашенка баёнгари он аст, ки таърих, ин довари ҳақгу, охири охирон ҳар амалеро ба ҷои худаш хоҳад гузошт ва ҳар роҳбарро мувофиқи амалаш подош хоҳад дод. Акнун, тадриҷан лозимат меояд, ки ба ин фошгӯиҳо одат кунӣ. Ва ин дӯстат дурӯғ ҳам нагуфтааст. Натанҳо бо қувваи яроқ ҳукуматро соҳиб гардидӣ, балки бо гузашти анқариб 28 сол ин одататро тарк накардаиву зидди мардумат артиши миллӣ ва ҳатто артиши дар мамлакат мустақари хориҷиро низ истифода мебарӣ. Хуб, бигзарем. Ҳоло вақти баррасии ин масъала ҳам хоҳад расид.
Иқдоми нават, ки се роҳбари ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тоза ба рӯихати “шахсони бо терроризм алоқаманд” ворид кардӣ ва ҳам чанд кӯшиши боз ба сари мардуми тоҷик қамчин кашиданат, маҷбурам сохт бо номаи наве ба ту муроҷиат намоям. Мутмаинам ачкиҳоятро чуқур монда, номаҳоямро мехониву барои худ хулосаи зарурӣ мебарорӣ. Боварам кун, ин номаҳоро аз душманӣ наменависамат. Ҳарчанд имрӯз фейкҳои фермаат дар расонаҳои иҷтимоӣ девонавор маро наҳзатӣ мехонанду намедонанд чи тавр сиёҳам кунанд, ҳоло як рӯз ба дурустии гуфтаҳоям бовар хоҳӣ кард. Акнун шумораи нафароне, ки бо овози баланд аз ноҳақиҳоят мегӯянд, босуръат афзуда истодааст ва дигар он ба сели баҳорие монанд гардидааст, ки ба зудӣ туву ҳукумататро то фаромӯшҷои таърих гусел хоҳад кард.
Ин дигар сели ноҳияи Хуросон нест, ки мардуми ҷабрдидаашро аз баланд кардани овозашон тарсондаву муттаҳам кунӣ. Мефаҳмам, ки аз ҳар эътироз мурданӣ метарсӣ, вале одат кун. Эътирози шаҳрвандон аз фаъолияти ноҷои ҳукумат дар ҷомеаи муосир як ҳодисаи маъмулӣ аст. Дигар ба ҳама роҳбарони наву минбаъдаи кишвар лозим меояд, ки ҳангоми идоракуниашон манфиати халқро ба инобат гиранд. Вале, ту ба насли роҳбарони кӯҳнаву тасодуфие тааллуқ дорӣ, ки бо мафкураи танги шоҳпарастонаат инро ҳеҷ фаҳмида наметавонӣ. Туи “пешво” ва дӯстат “батка” Александр Лукашенка ҳарду ҳам аз роҳбарони собиқи колхозу совхозҳои шӯравиед, ки танҳо ҳунари ҷабр карданро медонеду халос. Дар зер мисолҳо меорам, ки боз нагӯӣ сафсатта мехонам.
Баргардем ба роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон. Дигар роҳи бадномкуниашонро наёфтиву террористашон эълон кардӣ! Хеле хандаовар! Хайр, пои наҳзатиҳорову ҳама намозхонҳову ришдорҳоро дар кишвар ба ин банд (терроризм) печондиву пеши Аврупову Амрико худро сафед карданӣ шудӣ. Акнун ҳамин Аврупову Амрикост, ки ба мухолифони ту паногоҳ дод. Яъне, ба гуноҳҳои беасос элон кардаат бовар накард. Акнун бо кадом ақлат бадахшониҳои дар дунявият устувор, вале аз сиёсати ту норозиро ҳам бо ҳамин банд бастанӣ мешавӣ? Ну, никак их не перевариваеш, Эмомали Шарипович! Дар гулӯят ба мисли устухон дармондаанд. Ҳеҷ натавонистӣ аз сари роҳи худату фарзандони “бизнесмен”-ат бардориашон ин соҳибони сарбаланди мулки худро.
Барои ҳамин дар кабинетҳои алоҳида, пушти пардаҳои пӯшида бо вазирони дасти чапат Ятимову Ниҳонӣ ҳоло ҳам нақшаи убират кардани онҳоро мекашӣ. Аввал, пас аз ҳуҷуми нобарори мусаллаҳонаи соли 2018-ат ба Хоруғ хости ба сепаратизм гунаҳкорашон кунӣ. Даррав пас аз муқовимати дастҷамъонаи мардуми сарбаланди Бадахшон бар зидди яроқдорони нимҷинояткорат барои ба дом афтондани лидерони ғайрирасмии Бадахшон ловушка сохтӣ. Бо кӯмаки Хитой ниҳоди яроқноке зидди сепаратизм таъсис додӣ, ки “қонунан” бар муқобили ин лидерон яроқи оташфишонро истифода барӣ.
Бо ақидаронии манғитонаат хости эҳсосоти маҳалгароиро миёни мардуми минтақаҳои кишвар авҷ додаву мардуми Бадахшонро дар инзиво бигузорӣ ва бо ин роҳ болояшон фишор биёрӣ. Соли 2018 дар вилояти Хатлон ҷанговарони собиқи Фронти Халқиро ҷамъ кардаву машқ додӣ. Хостӣ бар зидди “помириҳо” истифодаашон барӣ. Нашуд. Акнун дидӣ, ки мардуми ҳама минтақаҳои Тоҷикистон бар зиддат муттаҳид шуда истодаанд, ин лидерҳои “мағрур”-ро террористашон эълон кардӣ. Шарм намедорӣ? Ту барои сари қудрат мондани худату авлодат аллакай ҳама гурӯҳҳову аҳзоби аз сиёсатат норозиро “террорист”, “экстремист”, “сепаратист” эълон кардаву ҳар як амали гурӯҳҳои мухолифатро барои иваз кардани ҳукумат “кӯшиши ғайриқонунии сарнагун кардани ҳукумати конститутсионӣ” унвон мекунӣ.
Хуб, биё акнун сари ҳуқуқи мардуми тоҷик дар иваз кардани ҳукумати нолоиқ сӯҳбат кунем. Оё шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки роҳбариятро аз нав интихоб кунанд? ДОРАНД! Онҳо қонунан метавонанд тавассути интихоботи даврӣ ҳар роҳбари нолоиқу дуздро (яъне, туро) иваз кунанд. Барои амалӣ кардани ин ҳуқуқашон иҷозаташон медиҳӣ? НЕЪ! Яъне, ҳуқуқҳои конститутсионии мардуми тоҷикро рӯирост поймол мекунӣ! Хуб, ин ҳуқуқпоймолкуниҳоятро баҳои ба интихоботи парлумонии соли 2020 (ва чанд интихоботҳои пешини кишвар) додаӣ ҳайати нозирони ОБСЕ рӯирост тасдиқ мекунад. Дигар баҳонаи “мухолифонам ҳама террористу экстремистанд” ба кор намеравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин марҳиларо аллакай пушти сар кард. Баҳсҳои ду соли охир миёни ҳукуматат ва мухолифинат дар вохӯрии солона доир ба ҳуқуқи инсон дар Варшава ин гуфтаҳоро возеҳан тасдиқ мекунад. Дигар бо гурӯҳи фейкии ҷомеаи шаҳрвандиат, ки аз қафоят кашолакунон ба Варшава мебарӣ, ба ҳеҷ мартабае нахоҳӣ расид.
Имрӯз, ки мардуми Рашту Суғдро лаппак кардаву пешвоёни ғайрирасмиву динии Кулобро зери фишор гузоштаӣ, бо пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон ҳеҷ зурат нарасид! Онҳо намегузоранд, ки халқашонро зери ғорати мансабдорони порахӯрат бигузориву данғарагиҳоеро чун Иноятзода бар сарашон ҳоким таъин кунӣ, чуноне ӯро дар Истаравшан ҳоким гузоштиву пулҳои аз он ҷо ғораткардаашро ҳарду миёни худ тақсим кардед. Извини меня, дорогой. Бадахшан это совсем другая история! Муқовимати беназири мардуми Бадахшон зидди ҷабри золимонаи ту дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи навест. Такони ҷиддӣ аст барои тағъири вазъият. ИБРАТИ ХУБ АСТ! Он ки “террорист” эълонашон мекунӣ, аз алам аст. Аз асп фаромада бошӣ ҳам, аз узангӯ ҳеҷ фаромадан намехоҳӣ. Аз сари нав болои асп ҳам нишаста наметавонӣ. Мадори хушкшудаат ҳеҷ намерасад! Худат ҳам, сиёсатат ҳам ҳарду пир шудаед. Ба забони ба худат фаҳмо бигӯям “Чол кет!”. Бидон, агар худат наравӣ, мардум маҷбуранд гуселат кунанд.
Додарам Эмомалӣ! Магар ту дарвоқеъ ҳам тарафдори ниқоб (маска) пӯшидани шаҳрвандон ва сиҳатии мардум ҳастӣ? НЕЪ! Никак нет! Агар ғамашонро мехӯрдӣ, ҳеҷ гоҳ мавҷудияти коронавирусро бо зӯрӣ пинҳон намедоштиву шумораи калони мардумро дар Хуҷанд бар касофати баромади наврӯзиат ба ин вабои даҳшатнок гирифтор намекардӣ. Ва ё мехоҳӣ дар Тоҷикистон тартибот бошад? БОЗ ҲАМ НЕЪ! Мардум ҳам боварат намекунанд. Барои ҳамин ҳар як қадаматро зери назорат мондаву тақсимкунии дуруғини помоши аз хориҷа омадаро фаъолона фош карданд. Ба ахбори расмиат доир ба шумораи гирифторон ва қурбониҳои коронавирус ҳам бовар накарда, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вебсайти алоҳидаи худро кушоданд то ба мардум, ахбори воқеъиро расонанд. Ва шумораи қурбониёни воқеъӣ бо ному фамилия ва суроғаҳояшон аз шумораи расмиат қариб даҳ маротиба бештар аст! Ҳатто марги зиёди шаҳрвандонат дар нисбати кишварҳои ҳамсоя ҳам нинаки сахти туро хам намекунад!
Бо баровардани конуни “ниқоб” дардат тамоман дигар аст. Мехоҳӣ болои мардуми ҳақҷӯ фишор биёриву журналистонеро чун Абдулло Ғурбатӣ барои “паҳн кардани маълумоти нодуруст” ба маҳкама кашӣ. Барои ҳамин бо маслиҳати командаи зиддимардумиат таъҷилан “чора андешидӣ”. Яъне мардумро тарсонданӣ ҳастӣ, ки “муреду овоз баланд накунед!”. Боз ҳамон усули манғитии зӯроварӣ! Медонӣ, ки ин нағмаат ҳам намегузарад, вале боз якравӣ мекунӣ. Намедонам бо ин гарданғафсиат солат (мӯчарат) чи бошад?
Мардум ҳам ба ахбори “хушбахтона”-и телевизионҳоят бовар накарда, ҳама ҳодисаҳои дидаашонро ба навор гирифтаву ба расонаҳои мустақил равон мекунанд. Як мисоли зинда муқовимати дастҷамъонаи мардуми Рӯшон ба бехатариҳоят аст. Расонаҳои озодро дар дохили мамлакат ҳаматарафа маҳдуд намуда, гумон кардӣ бо ҳамин ҷонат халос мешавад. Боз ҳам хато карди! Бубин, ҳама мардум журналист шудааст. Ҳама телефон доранду видеонавор мегиранд. Дигар зӯри худату милисаву бехатариҳоят ба миллионҳо “журналист” намерасад! Хаёл мекунӣ мардум бовар кард, ки Иноятзодаи мири шаҳри Кӯлобро аз поквиҷдониат барои дуздиҳояш аз вазифа гирифтӣ? НЕЪ! Ин любимчикатро ҳамин худакат ба вазифа таъин карда будиву имрӯз пас аз фош шуданаш аз шармандагиат қурбонаш кардӣ. Чуноне, ки одатан дар олами ҷинояткорон мекунанд.
Боз бармегардем ба масъалаи лидерони ғайрирасмии Бадахшон. Беҳуда кӯшиши сиёҳ карданашонро накун! Ба ёд ор, вақте соли 2018 ба Бадахшон юриши яроқнок кардӣ, мардуми дигар минтақаҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ бо шиори “Мо бадахшонием!” баромад карданд. Имрӯз вақте болои мардуми бехонаи Хуросон таҳдид дорӣ, дар фейсбук чанд шиори “Мо хуросонием!” ба чашмам хӯрд, ки, ростӣ, як падидаи хуб аст. Мардум зидди командаи ту муттаҳид мешаванд. Миёни мардум як мақол аст “ҳам ғариву ҳам пешхезӣ”. Инро дар нисбати нафароне мегӯянд, ки болои гунаҳкориашон боз забондарозӣ ҳам мекунанд. Чун корҳои имрӯзаи ту, ки мардумро мезаниву гиря кардан намемонӣ. Дигар симои ҳақиқият аз пушти пардаҳои ғафси саҳнаи сиёсиат ва грими ғафс ба рӯй молидаат ҳам намоён аст. Так что, минбаъд ҳам ғариву ҳам пешхезӣ карда наметавонӣ.
Бо эҳтиром
Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат