Рубрики Хабарҳо

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар задухӯрди артиши Афғонистону Толибон кушта шудааст

Сухангӯи воҳиди 217 –уми артиши Афғонистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон  ба исми Қорӣ Баҳриддин дар даргирӣ миёни ин воҳид ва гурӯҳи Толибон дар вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон хабар дод.

Ҳодӣ Ҷамол, сухангӯи воҳиди 217 –уми артиши Афғонистон  ба расонаҳо гуфтааст, ки ҷасадҳои кушта шудагони гурӯҳи Толибон дар ихтиёри Раёсати амнияти миллии вилояти Кундуз қарор гирифт ва миёни онон Қорӣ Баҳриддин шаҳрванди Тоҷикистон шиносоӣ шуд.

Аз сӯи дигар Сайид Илёс Ҳошимӣ, омири ҷиноии ҳавзаи сеюми шаҳри Кундуз  эълом кардааст: Ҷангиёни хориҷии узви гурӯҳи Толибон, ки аксарият аз кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Покистон, Қирғизистон, Русия ва Чин мебошанд, дар вулусволии Имом соҳиби вилояти Кундуз ҷамъ шудаанд ва фармондеҳи онон як марди уйғуртабори чинӣ ба исми Қорӣ Фурқон аст.

Ҳошимӣ ба ин бовар аст, ки ин нафарон  муддати зиёде аст дар таркиби гурӯҳи Толибон ҳузур доранд ва фарқ кардани онон аз ҷангҷӯёни афғонӣ кори сахте аст.

Лозим ба ёдоварист, ки вулусволии Имом соҳиби вилояти Кундуз рӯбарӯи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ шуда Омударё ин ду минтақаро аз ҳам ҷудо мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *