Рубрики Хабарҳо

Андар боби сафари қайчӣ ба Ховалинг ва ифтитоҳи сартарошхонаву намоиши чағалдак

Баъди сафари пурмаҳсули дирӯза ба ноҳияи Балҷувон, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон бо кӯмаки қайчияш ҳаммом, сартарошхона, майдошчаи варзишӣ ва чанд “иншоот”-и дигарро “ифтитоҳ намуд”, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он аз ҷумла ширкадуву оши бурида ба намоиш гузошта шуда буданд дидан кард, субҳи имрӯз вориди ноҳияи Ховалинг шуд. 

Яке аз ҷолибтарин нуктаҳои гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳур ва хабаргузории “Ховар” аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки баъди интиқоди қаблии “Паём”, ин ду манбаъ на танҳо зикри номи соҳибкорони бунёдкорроро пурра қатъ карданд, балки дар мавориди зиёде аз зикри он ки иншоот аз тарафи соҳибкорон бунёд шудааст худдорӣ мекунанд. Дар гузоришҳои ин ду манбаъ аз Балҷувону Ховалинг, номи ягон соҳибкор зикр нагардидааст. 

Хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон “Ховар” хабар медиҳад, ки “дар макони истиқбол Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни нонпазии кадбонуҳои ноҳия дидан намуда, зимни суҳбат онҳоро ба ҳифзи анъанаҳои хоси миллӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунари нонпазӣ ба ҷавондухтарон ҳидоят намуданд”. Бори аввал нест, ки занонро ба омӯзондани нонпазӣ ба духтаронаҳон “ҳидоят” менамояд. 

Дар Ховалинг қабл аз ҳама Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар деҳаи Лоҳутии Деҳоти Лоҳутии ноҳия мушарраф ба бурида шудани лентааш аз тарафи “Пешвои муаззами миллат” шуд. Муассисаи таълимӣ аз 13 синфхона иборат буда, барои 920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаб аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, аммо бо сабабҳои номаълуме “устодону хонандагони мактаб ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро тӯҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд”.

Баъдан Раҳмон дар ҳамин деҳа “Маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст”, ва дорои сартарошхонаву ошхона мебошад, бо кӯмаки қайчиаш “мавриди истифода қарор” дод. Дафтари матбуотии раисҷумҳур менависад, ки “ошёнаи 2-юми Маркази хизматрасонӣ аз коргоҳи дӯзандагӣ иборат мебошад. Коргоҳи мазкур бо наздики 30 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд”. Паём мӯътақид аст, ки баробари рафтани раисҷумҳур аз ин деҳа, аз ин сӣ адад мошини дарздӯзӣ нишоне боқӣ намемонад – онро ё ба соҳибонашон бармегардонанд ва ё ба деҳаи дигаре, ки “коргоҳи дӯзандагӣ”-и дигаре мунтазири қайчии Раҳмон аст, мебаранд. Ин кор ҳар сол садҳо бор дар Тоҷикистон такрор мешавад. 

Сипас раисҷумҳур “беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутиро бо буридани лентаи он расман ифтитоҳ намуданд. Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.”

Зоҳиран ҳоли буҷаи ноҳияи Ховалинг зор аст. Дар ин ноҳия ҳатто бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки қайчии Раҳмон лентаашро бурид, бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва ба тариқи ҳашар сохта шудааст. Албатта ба ҳашар муаллимону табибон ва дигар кормандони буҷавӣ “ихтиёран” рафтаанд. 

Сипас раисҷумҳур тибқи анъана аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо намунаҳои маҳалии картошкаву пиёзу сабзӣ шинос шуд. Ба ӯ дар бораи чӣ қадар бештар шудани заминҳои кишт ва фаровон шудани ҳосил бо баракати қадами муборакаш гузориш доданд.

Албатта сафари “Пешво” бидуни ифтитоҳи Нишон ва Парчами давлатӣ маънӣ надорад, бинобарин ин ду намод, ки ба маблағӣ 1,5 миллион сомонии соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда “ба ҳусни ноҳия зебогии дигареро зам намудааст” мушарраф ба пешвози қайчии ҷанобашон шуданд.

Баъди он қайчии Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинг летаҳои майдончаи варзишӣ, маркази ҷавонон, шӯъбаи беморхонаро бурид. Ин се иншоот низ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст, аммо манбаъ аз зикри он худдорӣ кардааст. 

Худи Раҳмон бошад, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал овард. “Дар ин чорабинӣ ҳамчунин аз ҷониби кадбонуҳои ноҳия даҳҳо навъи нонҳои миллӣ, аз ҷумла чапотӣ, фатир, кулча, қалама, гирдача, орзуқ, чагалдак, таомҳои миллӣ, аз қабили умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ бо маҳорати нотакрор ва ҳунари волои миллӣ омода ва дар ин намоишгоҳ пешкаш гардид” – гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *