Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон аз роҳандозии канали шахсии худ дар Ютуб хабар дод.
Дар аввалин , ки дар ин канал пахш гардид, раҳбари мухолифин дар бораи ҳадафи таъсиси канал ва шакли пешбурди он иттилоъ дод. Ӯ гуфт ҳадафи аслии таъсиси канали хусусӣ баёни назару мавқеъ ва фикрҳои шахсии худаш аст.
“Табиист, ки ҳар як ҳизб, ҳаракат ё сохтор мавқеъҳои расмӣ дорад ва он аз тариқи шабакаҳо сомонаҳо ва баёнияҳои расмӣ ба мардум расонида мешавад. Аммо кам нест ҳолатҳое, ки сиёсатмадорон, шахсиятҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ назарҳои шахсии худашонро доранд, ки гоҳо метавонад бо назари сохтор ё созмоне, ки аз он намояндагӣ мекунад мувофиқ бошад ва гоҳо мухолиф бошад. Ва ҳастанд инчунин масъалаҳое, ки ниёз ба мавқеъгирии сиёсии ҳизбу ҳаракатҳо надоранд ва кофӣ аст, ки сиёсатмадор мавқеъи шахсии худро дар бораи ин ё он ҳодиса, воқеъа ё масъала баён кунад. Эҳсос мешуд, ки воқеъан ниёзе ба чунин як гуфтугӯи ғайрирасмӣ бо мардум ҳаст ва боқӣ мемонад ва ин шабакаи ютубӣ ҳам ба ҳамин хотир роҳанозӣ шуд”, гуфт Муҳидди Кабирӣ.
Ӯ гуфт ки мавқеъҳои расмӣ ва нуқтаи назари ПМТ ва ҲНИТ дар шабакаҳои расмӣ гуфта хоҳад шуд, аммо дар ин канали ютубӣ танҳо назар ва мавқеъву фиркҳои шахсиаш дар бораи сиёсат, иқтисод, фарҳанг, таърих, дин ва масоили дигари рӯз гуфта хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ба гуфтаи раҳбари ПМТ интихоби мавзӯъ ва гуфтугӯҳо дар як қолаби муайян набуда, озод хоҳад буд. Аммо мавзӯъҳо ба се даста тақсим мешаванд:
1. Мавзӯъҳое, ки худи Кабирӣ мехоҳад дар бораи онҳо сӯҳбат кунад;
2. Мавзӯъҳое, ки мардум мехоҳад раҳбари ПМТ дар бораи онҳо сӯҳбат кунад;
3. Мавзӯъҳое. ки рӯзмарра дар ҷомеъа пайдо мешаванд.
Замоне, ки хабар омода мешуд ба канали шахсии Муҳиддин Кабирӣ, ки чанд соат пеш фаъол шуд беш аз 130 нафар обуна шуда буданд.