Рубрики Хабарҳо

Шӯрои уламо: Рамазон 23 март фаро мерасад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи оғози моҳи Рамазонро дар кишварро эълон кард. Тибқи ин эълон, моҳи Рамазон дар кишвар рӯзи панҷшанбеи 23-юми март фаро мерасад.

Шӯрои уламо дар ҷаласаи рӯзи 16-уми марти худ нисоби закотро 32 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот дода мешавад. Фитри рӯза 7 сомонӣ муайян карда шуд. Шӯрои уламо барои касоне, ки узри шаръӣ доранд ва наметавонанд рузаи моҳи Рамазонро бигиранд, ба маблағи 420 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муайян кардааст.

Гирифтани рӯза аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом ба шумор меравад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин, ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар сарф менамоянд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *