Пашинян аз амалкарди нерӯҳои сулҳбони Русия дар Қарабоғ ба Путин шикоят бурд
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон мегӯяд, ки аз мушкилоти бавуҷдомада аз амалкарди нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия дар ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо бо ҷумҳурии Озарбойҷон назди Владимир Путин шикоят кардааст.
Идомаи танишҳо дар Қафқоз, ҷое, ки Ереван ва Боку ба таври мушаххас барои контроли минтақаи Қарабоғи кӯҳӣ дар он бо якдигар рақобат доранд, санҷише барои нуфузи минтақаи Русия ва ҳамчунин санҷиши тавоноии назорати нерӯҳои сулҳбони ин кишвар маҳсуб мешавад, ки дар ҳоли ҳозир низомиёни он барои ширкат дар набардҳои ҷорӣ ба Укроин эъзом шудаанд.
Фран Пресс дар гузорише овардааст: агар раисҷумҳури Русия ҳомӣ ва миёнҷии тавофуқе буд, ки соли 2020 ба ҷанги хунини шашҳафтаӣ миёни Арманистону Озарбойҷон поён дод, аммо нерӯҳои ҳофизи сулҳи ӯ дар Қарабоғ дар баробари даргириҳои афзоянда миёни ин ду кишвар нотавон ба назар мерасанд.
Никол Пашинян рӯзи сешанбе дар ҷараёни як конфронси хабарӣ гуфт, ки дар гуфтугӯи телефонии рӯзи гузаштаи худ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “хатари ташдиди таниш дар Қарабоғи кӯҳистонӣ”-ро ба вай гӯшзад ва бар мушкилоте, ки “дар минтақаи масъулияти нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия” вуҷуд дорад, таъкид кардааст.
Вай бо ишора ба кушта шудани шуморе аз маъмурони пулиси низомии кишвараш дар ҷараёни даргириҳои ахир бо нерӯҳои озарӣ афзуд: “ин иттифоқ дар минтақаи масъулияти нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия рух додааст ва ман дар гуфтугӯи телефонӣ бо Путин ин нигарониро матраҳ кардам.”
Артиши Русия, ки ҳафтаҳост аз сӯи Ереван ба далели камфаъолиятӣ ба шиддат маврид интиқод қарор мегирад рӯзи душанбе муддаӣ шуд, ки аз вуқӯъи як даргирӣ ва табодули оташ миёни ду тараф, ки рӯзи якшанбе панҷ кушта ба ҷо гузошт, ҷилавгирӣ кардааст.
Минтақаи кӯҳистонии умдатан арманинишини Қарабоғ, ки бо фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ аз Озарбойҷон ҷудо шуд, ба рағми тавофуқи оташбаси имзошуда бо миёнҷигарии Русия, ҳамчунон муҳимтарин мавзӯъи танишзо дар равобити Ереван ва Бокуро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Озарбойҷон ва нерӯҳои ҷудоиталаби Арманистон, ки таҳти ҳимояти низомии Ереван қарор доранд то кунун дар ду ҷанги бузург рӯ дар рӯйи якдигар қарор гирифтаанд.
Нахустин ҷанг миёни ду тараф ҳамзамон бо фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ рӯй дод, ки 30 ҳазор кушта бар ҷой гузошт ва дигаре дар тирамоҳи 2020 ба вуқӯъ пайваст, ки дар ниҳоят шаш ҳазору панҷсад нафарро ба куштан дод.
Даргириҳо дар Қарабоғ ва дар марзи Озарбойҷону Арманистон алорағми ҳузури низомии Русия ва сулҳбонони ин кишвар ҳамчунон ба сурати пароканда идома дорад, ки метавонад оташбаси бадастомада дар соли 2020-ро бенатиҷа созад.
Русия ба далели тамаркузи умдаи нерӯҳояш бар ҷанги Укроин дар таъсир бар тарафҳои низоъи Қарабоғ нисбати гузашта нотавонтар ба назар мерасад.
Аз сӯи дигар, бисёре аз нозирон нуфузи Москва бар кулли Қафқозро, ки пештар ба унвони минтақаи зери назорати Русия аз он ёд мешуд, зери савол бурдаанд.
Франс Пресс дар ҳамин росто ба тазоҳуроти густурдае, ки ҳафтаи гузашта дар Гурҷистон рӯй дод, ишора мекунад ва ёдовар мешавад, ки ин тазоҳурот дар асл алайҳи Кремл буд зери мӯътаризон нигарони бозгашти кишварашон ба мадори Русия буданд.
Никол Пашинян дар бахши дигаре аз суханони рӯзи сешанбеи худ бо ишора ба таҳоҷумитар лафзҳои Озарбойҷон, таъкид кард, ки эҳтимоли ташдиди таниш дар марзи Арманистон ва дар Қарабоғи кӯҳистонӣ бисёр зиёд аст.
Изҳороти Пашинян бо сафари Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон ба Берлин ҳамзамон шудааст. Ин дар ҳолест, ки Аврупо дар пайи эҷоди нақш барои миёнҷигарӣ дар раванди сулҳ байни Ереван ва Боку аст.