Рубрики Хабарҳо

Дархости ташкили ҷаласаи фаврии Шӯрои амният дар бора Ғазза

Кувайт ва Боливия Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро ба манзури баррасии ҳаводиси хушунатомез дар навори Ғазза ба ташкили ҷаласаи изтирорӣ фаро хонданд.

Интизор меравад Шӯрои амнияти Созмон милали муттаҳид имрӯз ба манзури баррасии ҳаводиси хушунатомез дар навори Ғазза пушти дарҳои баста ҷаласае ташкил диҳад.

Лозим ба зикр аст, ки Кувайт ва Боливия аз аъзои муваққати Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ҳастанд.

Гуфтанист, шуморе аз нерӯҳои вижаи артиши Исроил рӯз якшанбе, 11 ноябр бо як худрави ғайринизомӣ ба навор Ғазза нуфуз карданд. Ин нерӯҳо баъд аз ин ки масири 3 километриро тай карданд, мавриди таваҷҷӯҳи гардонҳои Иззуддин Ал-қассом, шохаи низомии ҷунбиш ҲАМОС қарор гирифтанд. Дар ҷараёни даргирӣ миёни нерӯҳои вижаи Исроил ва гардонҳои Изуддин Ал-қассом 7 Фаластинӣ шаҳид ва як сарбози Исроил кушта шуданд.

Дирӯз низ гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ аз ҷумла ҷунбиши ҲАМОС ва ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ як дастгоҳи автобус дар Исроилро мавриди ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор доданд ва дар асари он яке аз низомиёни ин кишвар кушта шуд.

Артиши Исроил дар пайи ин ҳодиса навори Ғаззаро мавриди ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор дод. Гурӯҳҳои фаластинӣ низ ба ин ҳамалот бо партоби ракета вокуниш нишон доданд.

Аз сӯи дигар, гурӯҳҳои фаластинӣ аз барқарории оташбас бо Исроил хабар доданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки ин оташбас бо миёнҷигарии Миср барқарор шудааст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *