Рубрики Pressa

Мадина Қурбонзода — аввалин бонуи ҷудокори тоҷик бо медали тиллои Осиё миёни наврасон


Мадина Қурбонзода дар қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, бо нишон додани иродаи қавӣ ва маҳорат ба ҳама нишон дод, ки духтари тоҷик метавонад қаҳрамон бошад.

🔹 Дар даври аввал рақиби худро аз Қирғизистон шикаст дод.
🔹 Дар даври дуюм варзишгари Ҳиндустонро мағлуб кард.
🔹 Дар финал бо як имтиёз Нигина Умирзаковаро аз Ӯзбекистон шикаст дод ва медали тилло ба даст овард.

Ин аввалин маротиба аст, ки як бонуи тоҷик дар сатҳи қора миёни наврасон чунин дастоварди таърихӣ ба даст меорад.

📹 Лаҳзаи қаҳрамонии Мадина дар телеграмканали Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *