Рубрики Хабарҳо

Дар Тоҷикистон аз мусибати мардум ҳам даромад мегиранд

Дар ҳоле, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон роҳҳои ба мардумашон дастрас кардани интернети арзон ва ҳатто бепулро ҷустуҷӯ мекунанд, қимати интернет ва гуфтугӯи телефонӣ дар Тоҷикистон боло меравад. Ширкатҳои аслии мухобиротии Тоҷикистон Мегафон ва Тселл бо ҷорӣ кардани тарофаҳои қимати иртиботтҳои телефонӣ ва интернетро бамаротиб боло бурданд. 

Нарх дар ин ду ширкат аз 2 то 3 баробар боло рафт. Барои мисол нархи зангҳои дохилии шабакавӣ аз 7 дирами қаблӣ ба 20 дирам (қариб се баробар) ва зангҳои байнишабакавӣ аз 12 дирам ба 30 дирам расиданд (2,5 баробар). Ширкатҳо шарт ва қимати тарофаҳоро якҷониба боло бурда, ба муштариён танҳо огоҳӣ равон кардаанд. 

Дар паёмаке, ки Tcell ба муштариёнаш фиристодааст, гуфта мешавад “арзиши як дақиқаи занги баромад дар дохили шабака -20 дирам, зангҳо ба операторҳои дигар -30 дирам, 1 Мб Интернет- 30 дирам. Инчунин, нархи хизматрасониҳои иловагии «Интихоби ман” ба 6 сомонӣ ва «Диёри ман” ба 7 сомонӣ тағйир меёбанд”. Қаблан ин ду тарофа 3 — 3,5 сомон қимат доштанд. 

Тарофаҳои интернетии ин ширкатҳо низ тағйир ёфтаанд. Барои мисол тарофаи «Безлимити ҳақиқӣ»-и Tcell қаблан 16 сомониву 80 дирам буд ба 29 сомонӣ (қариб якуним баробар) боло рафтааст.

Аммо худи ширкатҳо боло рафтани қимати иртибототро рад мекунанд. Александра Арестова, сухангӯи ширкати Мегафон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «асли тағйирот на гарон кардани хизматрасонӣ, балки ҷорӣ намудани тарофаҳои нав аст. Дар баъзе ҳолатҳо нархи тарофаҳо аз пештара боло ҳастанд. Аммо агар ба таркиби бастаҳо назар кунед, рӯшан мешавад, ки тарофаҳои нав муфидтар ҳастанд. Барои мисол, агар пеш дар 16 сомонӣ муштарӣ танҳо зангҳои бемаҳдудро дар дохили шабака ба даст меовард, ҳоло ба 29 сомонӣ ҳар рӯз 40 мегабайт интернети иловагӣ мегирад». 

Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ гуфтааст, ширкатҳои мобилӣ ҳама гуна тағйирот дар тарофа ва нархҳоро бо Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддинҳисорӣ мувофиқа мекунанд. .

“Ширкатҳо бе мувофиқа бо ин ду ниҳод аз пеши худ ҳеч гоҳ тасмим намегиранд. Як чизро ҳам бояд ба инобат гирем, ки нархи ҳама гуна хадамоти дигар, нархи нерӯи барқ, андозҳо ва дигар хароҷоти ширкатҳо боло рафтаанд. Аз ин рӯ, бо назардошти ин хароҷот ширкатҳо арзи аслии хизматрасониҳоро муайян мекунанд. Ин хости худи ширкатҳо нест, балки шароити бозор инро тақозо мекунад», — иброз доштаст Эркаев.

Расо як сол қабл, моҳи апрели соли 2019 мақомот хостанд қимати интернет ва зангҳои телефониро боло баранд, аммо ин тасмим ба вокуниши сахт ва бесобиқаи корбарон мувоҷеҳ шуд. Даҳҳо кампини эътироз ва ҷамъоварии имзо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ шуданд ва мақомот маҷбур ба ақабнишинӣ гаштанд. 

Ҳоло корбарон ба ин назаранд, ки мақомот мунтазири паст шудани сарусадоҳо буданд, то тасмими худро дубора амалӣ созанд. 

Се-чор соли охир кумитаи андоз ва мақомоти дигари зирабти кишвар аз кам шудани адромадҳои андозӣ аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ ҳарф мезананд. Нусратулло Давлатзода, раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳар гузориш ва нишасти матбуотиаш ба ин мавзӯъ ишора мекунад ва роҳҳои нави ситонидани андоз аз ин ширкатҳоро пешниҳод мекунад. 

Аммо таҳлилгарон ба ин назаранд, ки агар аз як тараф Бег Сабурӣ, раҳбари Хадамоти алоқаи кишвар бо монополия кардани интернет ва ҷорӣ кардани чанд андози иловагӣ роҳҳои даромади ширкатҳоро аз худ карда бошад, Кумитаи андоз бо ҷаримаҳои ҳангуфту тафтишҳои беохираш сабабгори аслии муфлисшавии ширкатҳои мухобиротӣ шудааст. Танҳо дар соли 2017 ин Кумита ду ширкати бузурги мобилӣ Мегафон ва Тселлро беш аз 300 миллион сомонигӣ ҷарима кард. Ширкатҳои дигар ҳам аз ин “лутф”-и Давлатзода бенасиб намонданд. 

Болоравии қимати зангҳои телефонӣ ва интернет дар Тоҷикистон ба замоне рост омадааст, ки тамоми кишварҳои дунё роҳҳои арзон ё ҳатто бепул кардани интернетро меҷӯянд, то мардуми ба карантинрафтаро аз охирин дилхӯшӣ маҳрум насозанд. Ҳамчунин роҳандозии дарсҳои онлайнӣ барои хонандагони мактаб ва донишҷӯён, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон бинобар шуйӯъи коруно ба таътил рафтаанд, аз кӯшишҳои авлавиятноки ҳукуматҳо гаштаанд. 

На танҳо кишварҳои пешрафта, балки ҳамсояҳои Тоҷикистон ҳам барои мардуми худ қимати интернетро ба маротиб поён бурда, дар бархе мавридҳо, масалан сойтҳои омӯзиширо, комилан бепул кардаанд.

Ҳукумати Ӯзбекистон ба ширкатҳои интренетрасон ва мобилии ин кишвар супориш додааст ба ҳеҷ ваҷҳ, ҳатто дар сурати қарздор шудан, интернети мардумро. Ҳамчунин тамоми хонандагони макотиби миёнаи ин кишвар дастрасии бепул ба дарсҳои онлайнӣ гирифтаанд.

Мақомоти Қирғизистон на танҳо тамоми дарсҳои мактабҳоро тариқи интернет ва телевизион пахш мекунанд, балки чанд нармафзори комилан бепул барои хонандагони мактаб, ҳатто онҳое, ки интернет надоранд, роҳандозӣ кардаанд. Ширкати MegaCom-и ин кишвар тасмим дорад ба ҳамаи хонандагони макотиби  миёна симкартҳо бо дастрасии озод ва бепул ба нармафзорҳои WhatsApp, Zoom и Google Classroom тақсим кунад, то тавонанд дарсҳои худро фаро гиранд. .  

Ҳамин гуна сабукиҳо ба мардум дар бештари кишварҳои ҷаҳон Ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон, ширкатҳои омӯзишӣ, тафреҳӣ ва ғайра аз ҷумла дар Русияву Украина дастрасӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, чӣ барои хонандагону донишҷӯён ва чӣ барои соири мардумро комилан бепул кардаанд.  

Ҳоло садҳо ҳазор  муҳоҷири тоҷик чӣ дар Русияву чӣ дар дохили кишвар барои муддати номаълум бе ҷои кор ва даромади иловагӣ мондаанд. Дар ин шароит онҳо ҳади ақал  ҳақи дарёфти иттилооти дастрас, ҳақи дастрасӣ ба сойтҳои омӯзишиву тафреҳӣ ва билохира ҳақи иртиботи арзону осон ба пайвандони худро доранд. Аммо мақомоти кишвар тасмим гирифтаанд охирин дирамҳои онҳоро тариқи интернету телефонҳои мобилӣ аз кисаҳояшон берун кашанд.  

Танҳо дар Тоҷикистон метавонанд ҳатто аз мусибати мардум даромад гиранд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *