Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш дар нишасти чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз, 21 июл дар Чолпон-Отаи Қирғизистон шурӯъ шуд, пешниҳод кард, низоми минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ таъсис дода шавад.
Ӯ гуфт формати нави ҳамкориҳо дар минтақа дар 5 соли охир додааст, ҳаҷми гардиши дохилиминтақавии мол ду баробар бештар шавад.
«Ба мо шаклҳои нави ҳавасмандгардонии савдои дуҷониба лозим аст. Мо пешниҳод менамоем, ки низоми минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ бо қоидаҳои ягона ва расмиёти соддаи интиқоли мол ташкил карда шавад. Лоиҳаҳои муштараки саноатӣ бояд пеш раванд. Роҳандозии муносибатҳои ягона барои ташаккули фазои маҳаллисозии саноатӣ ва ивазкунандаи воридоти Осиёи Марказӣ муҳим аст, — афзудааст Мирзиёев.
Ин пешниҳоди Мирзиёев дар ҳолест, ки қаблан Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон басташавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистонро як номида гуфта буд, басташавии сарҳадҳо қочоқи молу маҳсулот байни ду кишварро ба таври чашмрас кам кард.
Раисҷумҳури Узбекситон ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамасола анҷумани минтақаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида талош карда шавад барои ҷалби сармоягузорӣ дар саросари минтақа фазои ягонаи мусоиди тиҷоратӣ фароҳам гардад.