Рубрики Хабарҳо

Мавҷи коруно дар Чин: 13 ҳазор марг аз Ковид дар як ҳафта ба сабт расид

Мақомоти беҳдоштӣ дар Чин мегӯянд, ки наздик ба 13 ҳазор бемор зарфи як ҳафтаи гузашта ба далели паёмадҳои ибтило ба бемории ҳамагири “Ковид-19” дар ин кишвар ҷон бохтанд. 

Як масъули аршади бахши беҳдошту саломатӣ дар Чин зимни ишора ба шумори бисёри болоии афроди олуда ба вируси омили бемории Ковид-19, теъдоди мавриди марги ношӣ аз ин бемориро тайи рӯзҳои 13 то 19 январ наздик ба 13 ҳазор эълом карда ва ёдовар шудааст, ки ин афрод дар бемористонҳо ҷони худро аз даст додаанд. 

Маркази контролу пешгирӣ аз бемориҳо дар Чин бо интишори баёнияе эълом кард, ки тайи муддати ёд шуда 681 нафар ба далели нафастангии ношӣ аз Ковид ва наздик ба 12 ҳазор нафар низ ба далели ҳамроҳии вируси Ковид-19 бо дигар бемориҳои заминаӣ дар бемористон ҷон бохтаанд. 

Ин додаҳои оморӣ он гуна, ки Франспресс дар гузориши худ оварда шомили он даста аз беморони эҳтимолии мубтало ба Ковид19, ки дар манозили худ ҷон бохтаанд намешавад. 

Чин дар миёнаи моҳи ҷорӣ, беш аз як моҳ пас аз лағви маҳдудиятҳои беҳдоштии ҷоришуда дар қолаби сиёсати “Ковид сифр” аз сабти ҳудуди 60 ҳазор мавриди маргу мири ношӣ аз Ковид, ки байни 8 декабри 2022 то 12 январи 2023 дар марокизи пизишкии ин кишвар сабт шуда буданд, хабар дод. 

Бисёре аз коршиносон мӯътақиданд, ки ин омор бо таваҷҷуҳ ба коҳиши контролҳо ва маҳдудиятҳои беҳдоштии воқеӣ нест ва шумори қурбониён бештар аз рақами эъломшуда аст. 

Як ширкати таҷзияу таҳлили додаҳои пизишкӣ дар Бритониё пешбинӣ кардааст, ки шумори рӯзонаи маргумири ношӣ аз бемории Ковид дар Чин ба муносибати таътилоти соли нави чинӣ ба ҳудуди 36 ҳазор нафар афзоиш пайдо кунад. 

Бар асоси арзёбии баамаломада аз сӯи ин муассисаи бритониёӣ, ҳамчунин беш аз 600 ҳазор нафар дар Чин аз замони лағви маҳдудиятҳои умдаи беҳдоштӣ дар декабри гузашта то кунун бар асари бемории Ковид-19 ҷони худро аз даст додаанд. 

Даҳҳо миллион нафар аз шаҳрвандони чинӣ тайӣ рӯзҳои ахир ба саросари кишвар сафар кардаанд то ҷашнҳои соли навро дар канори наздикону хонаводаҳои худ сипарӣ кунанд. Масолае, ки бар нигарониҳо нисбат ба ҷаҳиши чашмгири эҳтимолии мавориди ибтило ба беморӣ дар ин кишвар афзудааст. 

Мақомоти ҳамлу нақли Чин пешбинӣ кардаанд, ки беш аз ду миллиард сафар аз замони шурӯъи таътилоти соли нав то рӯзҳои интиҳоии моҳи январ дар саросари ин кишвар анҷом шавад. 

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин рӯзи чаҳоршанбе нисбат ба густариши вируси омили бемории коруно ба манотиқи рустоие, ки ағлаб дору ва имконоти муносиби пизишкӣ дастнорасанд, ибрози нигаронӣ кард. 

Як коршиноси маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Чин зимни ишора ба эҳтимоли зиёди мусоид шудани заминаи интиқоли беморӣ дар пайи ҷобаҷойи шаҳрвандон дар тӯли таътилот таъкид кард, ки “мавҷи кунунии ҳамагирии беморӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 80 дарсад ҷамъияти кишварро олуда кардааст.” 

Як мақоми комиссияи миллии беҳдошти Чин рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки ин кишвар авҷи пазириши беморони Ковидро дар клиникҳои тахассусӣ ва бахшҳои сироятӣ пушти сар гузоштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *