Бино ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон шумори кортҳои бонкии пардохтӣ то моҳи октябри соли равон ҳудуди 3 млн донаро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳнада нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб ба андозаи 30 дар сад зиёдтар аст.
Байни онҳо 58,2 дар садашон кортҳои Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ”, 14,4 дар сад — кортҳои пешакӣ пардохташудаи роҳкиро (City card), 8,4 дар сад- кортҳои нақлиётии «City Card-Корти миллӣ», 8,4 дар сад — кортҳои пардохтии дохилии ташкилотҳои қарзӣ, 6,2 дар сад — кортҳои Низоми байнулмилалии пардохтӣ (VISA, Masterсard ва UnionPay) ва 4,4 дарсад — кортҳои пардохтии муштараки Union Pay-НПС «Корти миллӣ» мебошанд.
Ҳиссаи кортҳои пардохтии мавриди истифода дар пойтахт 41 дар сад, вилояти Суғд — 22 дарсад, Хатлон — 20 дар сад, Ноҳияҳои Тобеъи Марказ — 14 дар сад ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон — 3 дар садро ташкил медиҳад.
Қисмати зиёди кортҳои пардохтие, ки дар гардиш қарор доранд, кортҳои Бонки Давлатии Амонатгузории “Амонатбонк” ташкил медиҳанд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ ба 51 дар сад баробар аст.
Дар зарфи 9 моҳ аз ҷониби дорандагони кортҳои пардохтӣ ба маблағи қариб 15 млрд сомонӣ ҳудуди 50 млн амалиёт анҷом дода шудааст. Шумори амалиёт дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2019 тақрибан 30 дар сад ва ҳаҷми пардохтҳо ба андозаи 70 дар сад афзудааст.
Вазни қиёсии амалиёти бенақд дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ 6,3 дарсад аз шумори умумии муомилот бо истифодаи кортҳои пардохтиро ташкил додааст.
Теъдоди терминалҳои электронӣ барои истифодаи амалиёти ғайринақдӣ дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ зимни хариди молу пардохти хизматрасонӣ то 1 октябри соли равон зиёда аз 3,7 ҳазор ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 дар сад зиёдтар мебошад.
Ғайр аз ин, дар ин давра ташкилотҳои қарзӣ шумори QR-кодҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба андозаи 2,8 дар сад баробар зиёд карда, то аввали моҳи ноябр шумори умумии онҳо то ба зиёда аз 4,6 ҳазор адад расидааст.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 2 сол пеш ҳамаи муассисаҳоеро, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, ба таъмину насби таҷҳизот барои пардохтҳои ғайринақдӣ уҳдадор кард.
Бо ин қарор вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузории пулакӣ анҷом медиҳанд, вазифадор шуданд, ки то 1 апрели соли 2019 дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ҳатман қабули пардохтҳоро аз аҳолӣ ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.
Ин даъвои бонки миллӣ дар ҳолест, ки ҳазорҳо истифодабарандагони корти бонкӣ дар Тоҷикистон шикоят аз он мекунанд, ки аз терминалҳои бонкӣ, бонкҳо ва муассисаҳои қарзҳо тавассути корти бонкӣ пул гирифта наметавонанд. Терминалҳо мудом пул надоранд. муассисаҳои қарзӣ пул нест мегуянд.