Рубрики Хабарҳо

Боз сӯхтор дар масҷид. Ин дафъа дар Ваҳдат (Навор)

Нимашабии 22 ба 23 декабр масҷиде дар кӯчаи Абдулло Зикири шаҳри Ваҳдат ба коми оташ рафт. Сӯхтор соати 2-и шаб аз дарвозаи масҷид шурӯъ шуда зуд кулли онро фаро гирифт. 

Фарзияи дӯстдоштаи мақомот — расиши кӯтоҳ аз эътибор соқит дониста мешавад, чун барқ соати 23 қатъ шуда буд.

Масҷид ҳарчанд қадимӣ буд, аммо соли 2013 мардуми маҳалла онро комилан бозсозӣ карда буданд. 

Ин масҷид яке аз масҷидҳои калони шаҳри Ваҳдат маҳсуб мешуд, ки танҳо дар дохилаш ҳудуди 1000 намозхон ҷой мегирифт. 

Ин дувумин сӯхтори масҷид дар як ҳафтаи гузашта мебошад. 6 рӯз қабл масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистони шаҳри Ҳисор ҳам ба коми оташ рафта буд.

Сокинони деҳаи Чаманистон аввал гуфтанд сӯхтор аз фарши гарм сар задааст, ки бо он масҷидро гарм мекарданд. Аммо дертар ин гуфтугӯҳо ҳам ба вуҷуд омаданд, ки сӯхтор аз дару боми масҷид шурӯъ шудааст.

Масҷиди деҳаи Чаманистони Ҳисол беш аз 250 намозгузор дошт.

Дар пайи он сӯхтор, истифода аз фарши гарм дар масоҷид манъ шуд, ки чанде аз имомон дар ин бора намозгузоронро огоҳ карданд.

Дар сӯхтори шаби гузаштаи масҷиди шаҳри Ваҳдат касе осеб надид ва то ин соатҳо мардум ба тоза кардани боқимондаи он машғуланд. Сӯхтори якбораи ду масҷид дар як ҳафта фарзияи амдан оташ задани масоҷидро ҳам ба вуҷуд овардааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *