Рӯзи панҷшанбе дар Бишкек миёни Қирғизистон ва Русия як ёддошт дар бораи ҳамкорӣ дар тавлиди мавод барои саноати макроэлектроникӣ ба имзо расид. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Қирғизистон (IEC) хабар додааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи ёддошт ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи микроэлектроника, аз ҷумла бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ барои ниёзҳои саноати электроникӣ ва таҷҳизоти технологии марбута мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин санад дар чаҳорчӯби конфронси илмӣ-амалии «Ҳамкориҳои илмию техникӣ ҳамчун заминаи рушди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шароити чолишҳои нави иқтисодӣ: тамоюлҳо ва дурнамои рушд» дар Бишкек ба имзо расидааст.
Коршиносон мегуянд, Русия кушиш дорад, корхонаҳои истеҳсолиашро, ки дучори таҳрим шудаанд, ба кишварҳои Осиёи Миёна муваққатан кучонад ва тавассути ин кишварҳо таҳримро давр занад.