Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори Боррел аз тамом шудани захираҳои дифоъии Аврупо

Жозеп Боррел, раиси дастгоҳи дипломосии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Аврупо бояд дар қиболи амнияти худ масъулияти бештаре нишон диҳад ва на танҳо ба ҷанг дар Укроин балки ба таҳдидҳои оянда низ таваҷҷуҳ дошта бошад. 

Ӯ дар ҷараёни конфронси солонаи Ожонси дифоъи аврупоӣ (EDA) дар Брюссел аз кишварҳои узв хост барои тақвияти тавони дифоъии Иттиҳодияи Аврупо ҳамкории бештаре дошта бошанд. 

Жозеп Боррел дар маросими рӯнамоӣ аз гузориши ҳазинаҳои солонаи ин Ожонс гуфт, ки “ҷанг дар Укроин барои бисёре аз мо занги хатар буд” ва бо ишора ба афзоиши сармоягузориҳои дифоъӣ эълом кард, ки захоири низомӣ “тақрибан холӣ” аст ва Аврупо дар заминаи қобилиятҳои дифоъии ҳаётии худ дучори камбуд аст. 

Раиси дастгоҳи дипломосии Иттиҳодияи Аврупо афзуд: “пас аз ҷанги сард, бидуни ҳамоҳангӣ нерӯҳои низомии худро ба артишҳои кӯчак табдил кардем… Ҳоло қобилитҳои дифоъии ҳаётиамон заъиф шудааст”. 

Ӯ гуфт: “солҳост, ки аз сармоягузории дифоъии худ кам кардем ва ҳоло, ки захираҳоямонро дар ихтиёри Укроин қарор додаем, захоири худамон ба суръат рӯ ба итмом аст…. Замоне, ки аз Укроин ҳимояти низомӣ мекунем, ин ҳимояти низомии мустақим аз корхона намеояд, балки аз захоири артиш меояд ва ҳама қабул доранд, ки ин захоир ба суръат рӯ ба итмом аст ва [анборҳо] тақрибан холӣ шуданд.” 

Гузориши Ожонси дифоъи аврупоӣ 

Бар асоси гузориши Ожонси дифоъи аврупоӣ, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2021 барои аввалин бор бо убур аз остонаи дусад миллиард евроӣ, маҷмӯан 214 миллиард евро барои умури дифоъии худ ҳазина карданд. Бо ин ҳол ин рақам низ бо миқдори ҳадафгузоришудаи қаблӣ яъне ихтисос 2 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии кишварҳо фосила дорад ва чизе дар ҳудуди 1.5 дарсад будааст. 

Боррел аз ин ки сармоягузорӣ дар ҳавзаи таҳияи таҷҳизоти дифоъӣ бо рушди 16 дарсадӣ ба рақами 52 миллиард евро расида, ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: “як евро аз ҳар чаҳор евро барои зарфиятҳои ҷадид ихтисос дода шудааст.” 

Бар асоси ин гузориш, ҳазинаҳои таҳқиқ ва фановарӣ дар ҳавзаи дифоъӣ низ бо 41 дарсад афзоиш ба рақами 3.6 миллиард евро дар сол расидааст. 

Хариди муштараки таҷҳизоти дифоъӣ 

Бо ин ҳол хариди муштараки таҷҳизоти дифоъӣ ба мизони қобили таваҷҷуҳ камтар аз аҳдофи мавриди назар будааст. Ба тавре, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар маҷмӯъи 18 дарсад аз кулли ҳазинаҳои дифоъӣ худро сарфи харидҳои муштарак карданд дар ҳоле, ки меъёри 35 дарсад таъйин шудааст. 

Боррел дар ин хусус низ гуфт: “мо бояд ниёзҳои кӯтоҳмуддати худро аз тариқи сармоягузориҳо ва харидҳои муштарак таъмин кунем ва ин кор бояд ҳарчи зудтар ба марҳалаи сабти суфоришот бирасад.” 

Ӯ афзуд: “Ожонси дифоъии Аврупо омодааст то аз ин гуна харидҳо ҳимояти лозимро ба амал овард ва ба унвони як омили қарордодӣ зоҳир шавад. Мо мабнои қонунӣ ва таҷрибаи анҷоми ин корро дорем, биёед сареътар барои пур кардани захоири худ иқдом кунем.” 

Комиссияи Аврупо дар авоили соли ҷорӣ ба манзури тақвияти таҳқиқот ва харидҳои муштараки дифоъӣ як миллиард евро ба будҷа марбута ихтисос дод. Бо ин ҳисоб, маблағи ихтисосдодашуда барои харидҳои муштараки дифоъӣ дар садри феҳристи 8-миллиардевроии сандуқи дифоъи Аврупо барои давраи 2021 то 2027 аст. 

Ожонси дифоъи аврупоӣ, ки дар соли 2004 бо ҳадафи беҳбуди тавони дифоъии Иттиҳодияи Аврупо аз тариқи ҳамкориҳои аврупоии доиршуда, ба 26 кишвари узви худ (ҳама кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба ҷуз Дания) кумак мекунад то манобеъ низомии худро тавсеа диҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *