Рубрики Хабарҳо

Financial Times: Бразилия ва Оржентин омодаи чопи воҳиди пули муштарак мешаванд

Хабаргузории Reuters рӯзи якшанбе ба нақл аз Financial Times гузориш дод, Бразилия ва Аргентина ин ҳафта кори муқаддамоте барои чопи воҳиди пулии муштаракро оғоз мекунанд. 

Ҳадаф аз чопи арзи муштарак, ки Бразилия пешниҳод кардааст “Сур” (ҷануб) номида шавад, тақвияти тиҷорати минтақаӣ ва коҳиши вобастагӣ ба доллари Амрико эълом шудааст. 

Серхио Масса, вазири иқтисоди Оржентин ба Financial Times гуфтааст: тасмиме барои шурӯъи мутолиаи барометрҳои мавриди ниёз барои як арзи муштарак, шомили ҳама чиз аз масоили молӣ гирифта то андозаи иқтисод ва нақши бонкҳои марказӣ, гирифта шудааст. 

Сиёсатмадорони ҳар ду кишвар дар мавриди ин идея дар соли 2019 баҳс карда буданд, аммо бо мухолифати Бонки Марказии Бразилия дар он замон мувоҷиҳ шуданд. 

Ба гузориши Financial Times қарор аст ин тарҳ дар ибтидо ба унвони як пружаи дуҷониба шурӯъ шавад ва сипас аз дигар кишварҳое Амрикои Лотинӣ барои пайвастан ба он даъват шавад. Тибқи ин гузориш интизор меравад дар ҷараёни сафари Луис Инасио Лула да Силва, раисҷумҳури Бразилия ба Оржентин, ки аз шаби якшанбе оғоз шуда, ин тарҳ расман эълом шавад.

Воҳиди нави пулӣ қарор аст дар аввал ҳамроҳ бо реали бразилиёӣ ва песои оржентинӣ дар гардиш бошад ва кам кам ҷои онҳоро бигирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *