Рубрики Хабарҳо

Соли гузашта ба Роғун 3,8 млрд сомонӣ маблағгузорӣ шудааст

Соли гузашта барои маблағгузории нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ҳудуди 3,8 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола барои иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ 2,5 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешуд.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки барои идомаи сохтмони ин иншоот бо созмонҳои байналмилалии молӣ ҷиҳати ҷудо кардани гранту қарз гуфтушунидҳо идома доранд.

То имрӯз Бонки Ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ 15 миллион доллар ва Бонки Осиёии Рушд 5 миллион доллар ҷудо кардаанд. Дар мавриди ҷудо кардани маблағ барои анҷоми сохтмони НБО Роғун низ бо дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ гуфтушунид идома дорад.

Ба гуфти Қаҳҳорзода ҳоло бо истеҳсолкунандагони таҷҳизоти энергетикӣ гуфтушунид идома дорад. Кори ба даст овардани агрегатхо давом дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *