Гурӯҳе аз тоҷикони муқими Олмон ҳамроҳ бо фаъолони мадании Олмон ва дӯстону ҳамкорони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин, муҳоҷири истирдодшудаи тоҷик бо талабаи баргардонидани ӯ таҷаммӯъи эътирозӣ карданд.
Дар ин эътироз раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва дигар масъулини он, аз ҷумла намояндаи ПМТ дар Олмон Ҷаннатуллоҳи Комил ширкат намуданд.
Таҷаммӯъи эътирозӣ дар назди Идораи кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд баргузор шуд ва дар он беш аз 30 нафар ширкат доштанд. Эътирозгарон бо расонидани номае ба Идораи кор бо муҳоҷирон аз ҳукумати Олмон хостанд Абдуллоҳи Шамсиддинро баргардонад ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб кунад то макони будубоши ӯро маълум созад.
Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди яке аз раҳбарони феълии ҲНИТ Шамсиддини Саид рӯзи 18 январ бинобар кадом камбуде дар ҳуҷҷаташ ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ аз соли 2013 дар Олмон ба сар мебурд ва ҳоло ҳамсару ду фарзанаш онҷо мондаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ иттилоъе аз макони нигаҳдории ӯ надодаанд. Аввалин изҳори расмӣ дар бораи ӯ аз забони вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода садо дод, ки дар нишасти матбуотиаш рӯзи 15 феврал гуфт Абдуллоҳи Шамсиддинро ВКД боздошт накардааст ва ҳеҷ иттилоъе дар борааш надорад.