Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе Соро Ал-Сайидро ба унвони муовини ин вазорат дар умури дипломосии умумӣ таъйин кард.
Хонум Сайид дар соли 2007 аз донишгоҳ Ҷорҷ Масони Амрико фориғ шуда буд.
Ӯ дар 20 соли гузашта дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла муовинати Вазорати сиҳати оммаи Арабистон кор кардааст.
Соро Ал-Сайид дар вазорати сиҳати Арабистон, муовини вазир дар бахши ҳамкориҳои байналмиллалӣ будааст.
Ҳукумати Арабистони Саудӣ дар солҳои ахир нақши занон дар ниҳодҳои ҳукуматиро афзоиш додааст.
Чанде пеш Малик Салмон, подшоҳи ин кишвар, Ҳайфа бинт Абдурраҳмон Ал-Ҷадеъро ба ҳайси сафири Арабистон дар Иттиҳодия Аврупо ва раиси намояндагии диплумотики ин кишвар дар созмони аврупоии Энержии ҳастаӣ, ва Насрин Ал-Шиблиро ба унвони сафири Арабистон дар Финланд таъйин кард.