Вазорати энержии Узбекистон рӯзи душанбе эълом кард, ки содироти барқ ба Афғонистон аз рӯзи 26 январ дубора оғоз хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ин вазорат, ирсоли барқ ба Афғонистон ба иллати сардии шадиди ҳаво ва камбуди маводи сӯхт барои нерӯгоҳҳои барқ қатъ шудааст.
Қатъи барқ боис шуд вазири хориҷаи Толибон рӯз якшанбе Узбекистонро муттаҳам кунад, ки бар хилофи тааҳҳудоти худ, содироти барқ ба Афғонистонро қатъ кардааст. Аммо, Узбекистон мегӯяд, ки иллати қатъи барқ, “мушкилоти мухталифи фаннӣ ва камбуди мавод сӯхт” буд.
Ин вазорат гуфт, ки дар ин маврид қаблан ба ширкат “Брешно” ҳушдор дода буд.
Вазорати энержии Узбекистон бидуни ишора ба интиқодоти вазири хориҷаи Толибон навишт: “барқе, ки дар Узбекистон тавлид мешавад, танҳо барои масрафи дохилӣ аст. Танҳо бахше аз барқи воридотӣ бар асоси мувофиқатномаи ҳукуматҳо ба Афғонистон содир мегардад.” Дар ҳамин ҳол, маълум нест ин барқ аз кадом кишвар ба Узбекистон ворид мегардад. Ин кишвар аз Тоҷикистону Туркманистон барқ мехарад.
Ҳарчанд шаҳрҳои Афғонистон дар гузашта низ, ба хусус дар фасли зимистон, бо камбуди барқ мувоҷеҳ буд, аммо ахиран ин мушкил бештар шудааст.
Рӯзи душанбе ширкати “Брешно” эълом кард, ки қарордоди барқи воридотии Туркманистон барои як соли дигар тамдид шудааст. Дар эъломияи ин ширкат омадааст, ки ин қарордод рӯзи душанбе дар Ашқобод, пойтахт Туркманистон тамдид шуд.