Рубрики Хабарҳо

Қуръонсӯзӣ дар Стокҳолм; Урдуғон: Суид барои пайвастан ба НАТО интизори ҳимоят надошта бошад

Ба думболи сӯзондани китоби Қуръон тавассути як гурӯҳи рости ифротӣ ва зиддиисломӣ дар муқобили сафорати Туркия дар Стокҳолм, Раҷаб Таййиб Урдуғон рӯзи душанбе аз адами ҳимояти Туркия барои пайвастани Суид ба НАТО хабар дод. 

Раисҷумҳури Туркия дар ин бора гуфт: “Суид набояд аз мо дар мавриди НАТО интизори ҳимоят дошта бошад. Агар ба эътиқодоти мазҳабии ҷумҳурии Туркия ё мусулмонон эҳтиром нагузоред, ҳеҷ ҳимояти аз ҷониби мо дарёфт нахоҳед кард.” 

Қуръонсӯзии Расмус Палудан, фаъоли рости ифротии суиди-даниягӣ барои тазоҳурот дар муқобили сафорати Туркия дар пойтахти Суид, хашми Анқараро барангехт. Ин фаъоли зидди ислом ва зидди муҳоҷират дар рӯзи шанбе, 21 январ таҳти ҳифозати шадиди пулис ва дар паноҳи монеъҳои филизӣ, як нусха аз Қуръонро сӯзонд. 

Удуғон дар як музокираи телевизионӣ таъкид кард: “возеҳ аст касоне, ки ҷилави сафорати кишварамон чунин расвоӣ ба бор оварданд, дигар набояд аз мо интизори ҳаргуна хайрхоҳӣ дар мавриди дархости узвият дар НАТО-ро дошта бошанд.” 

Туркия пештар, дар рӯзи шанбе мулоқоти пешбинишудаи худро бо вазири дифоъи Суид лағв карда буд. Қарор буд ин мулоқот бо ҳадафи рафъи мухолифатҳои Анқара барои вуруди Суид ба паймони НАТО анҷом пазирад. 

Иброҳим Колин, сухангӯи риёсатҷумҳури Туркия пештар ин “ҷинояти саршор аз нафрати ошкор”-ро маҳкум карда буд. 

Пулиси Суид рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки бинобар қонуни асосӣ, озодии таҷаммӯъот ва баён дар Суид, тавҷеҳе барои мамнуъияти ин тазоҳурот вуҷуд надорад. 

Туркия аз моҳи май аз вуруди Суид ва Финланд ба НАТО мамониъят мекунад ва ин ду кишварро ба паноҳ додан ба шибҳинизомиён ва ҳаводорони курд, ки онҳоро “террорист” меномад, ба вижа нерӯҳои ПКК ва муттаҳидонаш дар шимоли Сурия ва Ироқ, муттаҳам мекунад. 

Барои Анқара, ҳар гуна пешрафти эҳтимолӣ дар музокирот ба иқдомоти Суид бастагӣ дорад. Ин иқдомот шомили истирдоди муттаҳамон ба терроризм дар Туркия ё ширкаткунандагон дар кудатои 2016 аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *