Рубрики Хабарҳо

Дусад кӯдаки муҳоҷири бидуни ҳамроҳ дар Бритониё нопадид шуданд

Давлати Бритониё рӯзи сешанбе эълом кард, ки “200 муҳоҷири хурдсоли бидуни ҳамроҳ”, ки тавассути давлати Бритониё дар ҳотеле маскан дода шуда буданд, нопадид шудаанд. Як ҳизби мухолиф, давлатро муттаҳам ба “раҳо кардан”-и ин кӯдакон кардааст. 

Давлати Бритониё рӯзи сешанбе 24 январ эълом кард, ки ин кӯдакон “нопадид” шудаанд ва бидуни ин ки кӯчактарин асаре аз худ ба ҷой бигузоранд, маҳалли иқомати худро тарк кардаанд. 

Роберт Ҷинрик, вазири мушовир дар умури муҳоҷират тавзеҳ дод, ки ин афроди зери синни қонунӣ дар ҳотели маҳалли иқоматашон боздошт набуда ва озод буданд, ки ин маҳаллро тарк кунанд. 

Ба гуфтаи Роберт Ҷинрик, 440 мавриди нопадид шудани кӯдакон гузориш шуда, ки дар ин миён 200 кӯдак ҳамчунон нопадид ҳастанд. 13 нафари онҳо зери 16 сол син доранд ва фақат яке аз онҳо духтар аст. 88 дарсад аз ин нопадидшудагон албаниёӣ ва бақия аз Афғонистон, Миср, Ҳинд, Ветнам, Покистон ва Туркия ҳастанд. 

Кэролайн Лукас, намояндаи ҳизби Сабз, ки мавзӯъро дар парлумон матраҳ карда ин иттифоқро “ваҳшатнок” тавсиф кард ва гуфт, ки “ин кӯдакони осебдида тавассути вазорати дохилаи Бритониё раҳо шудаанд.”

Ба гуфтаи Тем Лофтун, намояндаи ҳизби муҳофизакор ҳеҷ гузорише ба пулиси Сусскес (ҷануби Бритониё) мабнӣ бар рабуда шудани кӯдакон тавассути бандҳои табаҳкор вуҷуд надорад. 

Як рӯзнома рӯзи 22 январ гузорише дар бораи рабуда шудани кӯдакони сокини ҳотеле мутааллиқ ба вазорати дохилаи Бритониё дар шаҳри соҳилии Брайтон мунташир кард. Дар ин гузориш як ифшогар гуфтааст, ки кӯдакон аз хиёбон рабуда ва ба зӯр савори мошин шудаанд. 

Аммо вазорати дохилаи Бритониё ба ин рӯзнома гуфт: “ин ки ин кӯдакони ноболиғ бидуни ҳамроҳ аз ҳотелҳояшон рабуда шудаанд, сиҳат надорад.” 

Бархе дигар аз гузоришҳо ба ин мавзӯъ ишора дорад, ки пулис қаблан занги хатарро барои вазорати дохила ба садо дароварда буд, ки шабакаҳои табаҳкор эҳтимолан кӯдакони муҳоҷиреро, ки ба танҳои вориди ин кишвар шудаанд ҳадаф қарор додааст. 

Аз июли 2021 то кунун тақрибан 4 ҳазору 600 кӯдаки бидуни ҳамроҳ дар ин иқоматгоҳ маскан дода шудаанд. Дар айни ҳол рекорди убур аз канали Ла-Манш бо қаиқҳои кӯчак (45 ҳазор нафар дар соли 2022) системаи паноҳандагии Бритониёро таҳти фишори шадид қарор додааст. 

Вазорати дохилаи Бритониё ва шӯроҳои маҳаллӣ якдигарро муқасир медонанд ва ҳар кадом мегӯянд, ки масъулияти ниҳоии ҳифозат аз ин кӯдакон бар ӯҳдаи дигаре аст. 

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ давлатро маҳкум кардаанд. Як муассисаи хайрия ҳам гуфта, ки вазорати дохилаи Бритониё дархости онҳо мабнӣ бар қарор додани кӯдакон дар хонаҳои амн ва таҳти муроқибатро нодида гирифтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *