Рубрики Хабарҳо

Ифшогарии Помпео: Оё CIA ба исроилиҳо барои дуздии асноди ҳастаии Эрон кумак кард?

Майк Помпео, раиси собиқи созмони CIA ва вазири собиқи умури хориҷаи Иёлоти муттаҳида, дар китоби ҷадиди худ таҳти унвони “ҳаргиз кӯтоҳ наё: мубориза барои амрикое, ки дӯсташ дорам” фош кард, ки дар даврони масъулияташ дар созмони СИА, ба дархости шахсии Йоси Кеэн мудири вақти Моссад, дар як “амалиёти муҳимми махфиёна” кумак кардааст. 

Ба гузориши бархе манобеъ аз ҷумла “Иерусалим пост” амалиёти мавриди баҳс, ки ба “дуздии қарн” маъруф аст, марбут ба дуздӣ аз бойгонии ҳастаии махфии Эрон дар наздикии маркази Теҳрон аст, ки дар феврали соли 2018 рух додааст. 

Помпео дар китоби худ ба таври хосс мегӯяд, ки ин амалиёт “яке аз муҳимтарин амалиёти махфиёнае буда, ки то кунун анҷом шудааст.” 

Гӯшае аз хотироти Помпео 

Помпео дар ин китоб бидуни ишора ба замони мушаххас аз яке аз чандин муомилаи худ бо Йоси Коэн, мудири вақти Моссад парда бармедорд: “тамоси Йоси Коэн раиси Моссад, андаке пас аз хурӯҷи ман аз ҳавопаймо дар яке аз пойтахтҳои аврупоӣ анҷом шуд. Баргаштам ва савори ҳавопаймо шудам, ҷое, ки таҷҳизоти иртиботи муносибе барои муколимаи маҳрамона бо раиси Ожанси иттилоотии Исроил доштем.” 

Ӯ идома медиҳад: “садои он тараф ором аммо ҷиддӣ буд: Майк! мо ба тозагӣ як маъмурияти тими бисёр муҳимро анҷом додаем, аммо ҳоло дар бозгардондани бархе аз аъзои гурӯҳ бо мушкили мувоҷеҳ шудаем. Оё метавонам рӯй кумаки шумо ҳисоб кунам?” 

Ва изофа мекунад: “ҳар вақт Йоси тамос мегирифт ман онро ҷавоб медодам. Ў ҳам дар қиболи ман ҳамин корро мекард. Ман он ҷо будам то ба дӯстонамон кумак кунам, бидуни он ки саволе бипурсам ва бидуни он ки хатароти он аҳамияте дошта бошад. Афроди ман аз саросари ҷаҳон вориди амал шуданд. Мо бо тими ӯ иртибот барқарор кардем ва зарфи 24 соат онҳоро ба хонаҳои амн ҳидоят кардем. Дар тайи ду рӯз, онҳо ба кишварҳояшон бозгаштанд, бидуни ин ки ҷаҳон ҳеҷ вақт бидонад, ки яке аз муҳимтарин амалиётҳои махфӣ дар кулли дунё, комилан ба анҷом расид.” 

Агарчи Помпео номе аз ин амалиёт ва замони анҷоми он намебарад, аммо ба назар мерасад тавсифи ӯ аз “яке аз муҳиммтарин амалиётҳои махфиёнаи ҷаҳон” амалиёти дуздии бойгонии ҳастаии Эрон дар соли 2018 бошад. 

Илова бар ин, Коэн пештар гуфта буд, ки ҳамаи даҳҳо маъмури Моссад дар ниҳоят ба саломат фирор карданд, аммо зиндагии онҳо дар хатар буд ва чизе намонда буд, ки нерӯҳои амниятии Эрон дар амалиёти таъқибу гурез дастгирашон кунанд. 

Дигар ҳамкориҳои иттилоотии Амрико ва Исроил 

Алорағми инкори мақомоти исроилӣ, агар дахолати созмони СИА дуруст бошад, ин нахустин иқрори умумӣ аст, ки иртиботи амиқи Иёлоти муттаҳидаро муддатҳо қаблтар аз дуздии бойгонии ҳастаӣ аз Эрон мушаххас кард. 

Амалиёти исроилии муҳими дигаре ҳам будаанд, ки ба Исроил нисбат дода шудаанд ва дар даврони фаъолияти Помпео ба унвони вазири хориҷаи Трамп рух додаанд. Аз ин ҷумла метавон ба харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Натенз дар июли 2020 ва террори Мӯҳсин Фахризода, аз донишмандони ҳастаии Эрон дар ноябри ҳамон сол ишора кард. 

Дахолати эҳтимолии Исроил дар ироаи иттилоот ба Амрико барои террори Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар январи 2020 аз аз ҷумла ҳамкориҳои иттилоотии ду кишвар алайҳи Эрон аст. 

Ин имкон вуҷуд дорад, ки Помпео якбори дигар ба амалиёте ишора кунад, ки ҳанӯз аланӣ нашудааст. Бо ин ки Коэн ба таври густурдаи бисёре аз амалиётҳои бузургро фош карда ё ба онҳо ишора карда буд, ҷойи басе тааҷҷуб аст, ки чунин рози муҳиме ҳамчунон пинҳон монда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *