Рубрики Хабарҳо

Вазорати тандурустӣ заҳролудшавии гурӯҳӣ аз қурутобро рад кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳолии кишвар баъди ду рӯзи хабари заҳролудшавии 48 нафар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз хӯрдани қурутоб, эълон кард онҳо заҳролуд нашуда, танҳо аз истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дилбеҳузур шудаанд.

Ин ниҳод субҳи имрӯз, 26-уми январ, бо нашри як афзуд, ин хулосаро натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон доданд ва “шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд, танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст”.

Манбаъ мегӯяд, баъди ба беморхона интиқол додани онҳо ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо беморони вазнин набуд.

“Новобаста ба ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд”, — омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса соати 8-и субҳи рӯзи 24 январи соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рух дод ва пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб  48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд.

Вазорат гуфт, “дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд”.

Манбаъ мегӯяд, беморон як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25-уми январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *