Рубрики Хабарҳо

Акбар Турсунзод. Озодмарди донишвар

Акбар Турсунзод, академик, донишманд ва файласуфи шаҳири тоҷик 1-октябри соли 1939 дар маҳаллаи Сари Бозори шаҳри Конибодоми (маркази маъмурии ноҳияи Конибодом) вилояти Суғл  таваллуд шудааст.

Ӯ таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш, ноҳияи Конибодом гирифта, баъд аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе рафтааст.

Акбари Турсунзод (Акбар Турсунов) дар синни 17-солагӣ, дар соли 1956 ба Факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, баъд аз ду соли таҳсил ба Факултаи физикаи ин донишгоҳ интиқол меёбад ва дар соли 1961 бо муваффақият онро хатм мекунад.

Акбар Турсунзод тайи солҳои 1964 то 1982 ходими илмии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ буд ва рисолаҳои илмии аспирантура ва докторантураи худро ҳамон ҷо ҳимоят кардааст.  Ӯ  дар соли  1988 рисолаи проффесориашро ҳимоят карда, соҳиби ин унвони илмӣ мегардад.

Акбар Турсунзод аз ёрон ва ҳамнишинони маҳфилҳои истиқлолиятхоҳӣ  дар охири даҳаи 80-уми асри гузашта ва яке аз пешгомони озодихоҳон буд. Ӯ дар таъсиси ҷунбиши «Растохез» ҳамроҳи устод Тоҳири Абдуҷаббор  ва дигарон нақш дошт ва саҳми худро дар бедории мардуми Тоҷикистон низ гузоштааст.

Аз соли 1986 то соли 1992 раҳбарии Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ҳамзамон ӯ Шӯъбаи торих ва назарияи тамаддуни кишварҳои Осиёи Марказии ин иниститутро раҳбарӣ мекард.

Дар соли 1992 яке аз технократҳое буд, ки дар барқарории Ҳукумати Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон саҳми худашро гузоштааст .

Аз соли 1993 то  1994 муовини директори Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнулмилалии вобастаи Академияи илмҳои кишварамон буд ва ҳамзамони мудирияти шӯъбаи сиёсатшиносии ин иниститутро дар даст дошт..

Дар сентябри соли 1994 ба Иёлати Филаделфиёи Иёлоти муттаҳидаи Амрико муҳоҷират кард. Дар замони муҳоҷират низ ӯ ба корҳои илмӣ машғул буд ва дар соли 1996  раҳбари илмии шӯъбаи мардумшиносии Осиёи Марказии Донишгоҳи Пенсилванияи ин иёлат таъин гардида, беш аз даҳ сол раҳбарии онро бар уҳда дошт.

Акбари Турсунзод соли 2011 баъд аз 17 соли муҳоҷират ва иқомат дар Амрико бо даъвати расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт. Пеш аз он худи президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар соли 2009 бо вай расман мулоқот карда, барои баргаштан ба Ватан ӯро ташфиқ карда буд.

Вай соли 2011 директори Иниститути забону адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин шуд ва то замони ба нафақа баромадан дар 2015 дар ин боргоҳи илмӣ фаъолият кард.

Акбари Турсунзод аз ҷумлаи ҳамон идда аз донишмандон ва муҳаққиқони Тоҷикистон аст, ки тақсимоти ҳудудӣ ва маъмурии болшевикиро «табартақсим» ва ноадолатии раҳбарияти Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар ҳаққи мардум тоҷик медонад.

Инчунин ӯ яке аз мунаққидони аслии сиёсатҳои Кремлин дар робита ба гурӯҳ-гурӯҳ кардани порсигӯёни Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон буд. Вай дар ҳамон солҳои пуриқтидори Шӯравӣ даъво мекард, ки ин сиёсати Кремлин ғалат аст. Порсизабонони ин кишвар ҳамзабононе ҳастанд, ки гӯйишҳояшон аз ҳам каме фарқ мекунад, вале забонамон як аст .

Акбари Турсунзод соли 1984  бо интишори китоби «Эҳёи аҷам»-аш, ки яке аз ҳадафҳои он посухи илмӣ ва раднопазир додан ба муддаъиён тафриқаандоз Кремлин дар байни форсӣ-тоҷикзабонон буд, мавқеъашро эълом кард. Ин китоби ӯ дар соли 2011 баъд аз 27 сол барандаи Ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ шуд.

Акбари Турусунзод соҳиби даҳҳо китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар ҷаҳон бо забонҳои форсӣ- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф, тарҷима ва чоп шудаанд. Дар солҳои 60-80 асри гузашта китобҳои ӯ, аз ҷумла « Одаму Олам», «Асосҳои кайҳоншиносӣ», «Фалсафа ва кайҳоншиносии муъосир», «Аз устура то дониш», «Кайҳоншиносӣ ва эътиқодоти динӣ», «Инсон, атом ва кайҳон», «Марди некфарҷом» ва ғайра чоп шудан

Охирин китоби эшон зери унвони «Тоҷикистон дар чорроҳаи Ховару Бохтар» дар соли 2015 ба дасти чоп расида, дар маҷмӯъ доираи хонандагонаш дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, Эрону Афғонистон ва Амрико садҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Акбари Турсунзод аз зумраи ҳамон донишмандони ватанхоҳу забондӯсти тоҷик аст, ки ҳанӯз дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта хоҳони мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ва баргаштан ба хатти порсӣ буд. Он замон ӯ ва ҳамфикронашон бар ин бовар буданд, ки агар дар мактабҳои Тоҷикистон муҳассилин ва донишҷӯён панҷ сол хатти форсиро биомӯзанд, кишвар омодааст, ки ба хатти порсӣ баргардад ва мардум пайвандҳои аз ҳам гусастаро дуборо васл намоянд. Ҳадафи олие, ки дар ҳоли ҳозир хеле аз донишмандони тоҷик мухолифи он ҳастанд.

Дар тӯли ин ҳама солҳо яке аз вежагиҳои устод Акбари Турсунзод ба қавли худаш дар он аст, ки ҳеч гоҳ ба коре, ки медонад аз ӯҳдааш дуруст баромада наметавонад ва ё медонад, ки дигарон чунин кореро беҳтар аз вай анҷом медиҳанд, даст намезанад.

Акбари Турсунзод соли 2014 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

Забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад.

Алҳол муҷаррад аст. Соҳиби чор фарзанд: як духтару се писар мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *