Рубрики Хабарҳо

Дурӯғбандиҳои раиси Шӯрои уламо ба Қуръону суннат

Рӯзи 17:01:2017 дар сомонаи расмии Маркази исломии Тоҷикистон матлабе зери унвони “Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ” бо қалами раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода  ба нашр расида буд ва баъдан дар дигар сомонаҳо низ бозтоб ёфт. Ҳатто дар сомони АМИТ Ховар бо забони узбекӣ ҳам ба чоп расонида шуд.

Ин матлаб аз нигоҳи муҳтаво ва мазмун арзиши онро надорад, ки барояш вақт сарф намуда ҷавоб гуфта шавад, зеро як қисме аз он чун ҳарвақта пур аз тӯҳмату бӯҳтон ва дурӯғбофиҳои муаллиф ва метавон гуфт, сохторе, ки Саидмукаррам дар хидмати онҳо аст, мебошад. Қисмати дигари мақола ҷуз ваҳму хаёли муаллиф ва бардоштҳои нодуруст ва зоҳирбинонаи ӯ аз ояҳои Қуръонӣ ва суистифода аз онҳо чизи дигареро дар бар надорад. Аммо аз онҷо, ки аз номи роҳбари як  сохтори расмӣ ва он ҳам динӣ содир шудааст, лозим донистем дар робита ба он матлаб , андешаҳои худро бо такя ба манобеъи исломӣ ва ақволи донишмандони динӣ рӯи коғаз биёварем. Пеш аз он, ки ба баррасӣ ва радди қисматҳое аз он матлаб пардозем, зарур мешуморам маълумоти мухтасаре дар мавриди афкор ва андешаи афроде чун Саидмукаррам, ки аз  исломи азиз чунин бардошти сатҳӣ ва ноқис доранд, хидмати шумо хонандагони сомона ироа намоем, то возеҳ ва равшан гардад, ки ин тарзи фаҳмиш аз ислом аз куҷо сарчашма мегирад.

Агар ин мақоларо ҳар инсони оқил ва фаҳмидае бо диққат мутолиа намояд ва рӯи нуктаҳои он  таваҷҷӯҳ кунад ҳатман ба ду ҳақиқат пай хоҳад бурд. Банда низ баъд аз хондани ин матлаб ва баррасии далоил он, дақиқтараш шубҳаҳои беасос ва тарзи навиши он лозим донистам барои пайдо кардани сарчашмаи чунин тарзи тафаккур ва андешаронӣ нисбати Ислом ба манобеъи исломӣ ва китобҳои донишмандони барҷастаи динӣ муроҷиъат намоям. Баъд аз мутолиа ва ковиши чандрӯза ба ин натиҷа расидам, ки ин мавод ва инчунин аксари маводҳое, ки зидди ҲНИТ  бо рангу оби динӣ додан таҳия шудаанд, аз ду манбаъ об мехӯранд.

Манбаъ ва сарчашмаи аслӣ дар ин мавод, на танҳо мухолифи ҳизби исломӣ мебошад, балки бо арзишҳои исломӣ душмани дошта, аслан вуҷуди исломро як мушкил дар ҷомеъа медонад ва онро монеъи пешрафт ва тараққиёт меҳисобад. Ин манбаъ бозингари асоси дар ин майдон аст. Дар ин мақола ба ҷуз он ду оят ва чанд ҷумла аз ваҳму хаёли муаллиф, дигар аксари он моли ин манбаъ мебошад. Масалан,ин ҷумлаҳо ва амсоли он бархоста аз андеша ва афкори ин мактаб ҳастанд:  “Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.”  Ва инчунин: “Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд.”  Ин шубҳаи дигар: “Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.” Шубҳаи асосие, ки доимо аз он зидди Ислом истифода мебаранд: “Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст. “

Нуктаҳои асосӣ дар ин мақола чунончӣ мебинед, ҳамин чанд ҷумла ҳастанд, ки ҳамагӣ, аз мағзи ин мактаб ва манбаъ берун омадаанд. Вале ҷои таассуфаш дар он аст, ки аз ҷониби ниҳоди динӣ ба чоп мерасад ва мардуми мусалмонро дар дуроҳа қарор медиҳад, ки исломи воқеъӣ кадом бошад.

Манбаъ ва сарчашмаи дуюм дар ин матлаб, ки Саидмукаррам аз он намояндагӣ мекунад, ба ҷараёне аз салафиҳо бармегардад, ки бо номи Мадхалиҳо маъруфанд ва дар соли 1990 аз ҷониби шайх Муҳаммад Амони Ҷомии Ҳирарии Ҳабашӣ ва шайх Робеъ ибни Ҳодии Мадхалӣ, таъсис ёфтааст. Ин мактаб  агарчӣ мухолифи ҳизбҳои исломӣ  буда, шиъораш хидмат ба ҳокимон аст, вале аз он бештар ҳамчун васила барои бароварда шудани ҳадафҳои манбаъи якум истифода мешавад. Дар ин мақола ин миқдор моли худи Саидмукаррам  метавонад бошад: Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад» (Анфол; 46). Ё ин ки:  «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд» (Оли Имрон; 105).

Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад.” Дар зимн чун ҳарвақта дурӯғу туҳматҳое, ки аз онҳо бар зидди мухолифин истифода мешавад, ки дар ин мақола низ аз ин равиш ба хубӣ истифода шудааст.

Радди шубҳаҳои мавҷуд дар мақола

Оё Ислом сулҳу субот намеоварад?

Дар ин мақола муаллиф иддаъо кардааст, ки Ислом ба ҷомеъа сулҳу субот намеоварад ва нооромиҳои бархе аз кишварҳо ва ақибмондагии онҳоро ба Ислом рабт додааст. Вале ба хотири пардапӯш кардани ҳадафҳои аслии худ, ва гӯл задани мусалмонон аз Ислом ба унвони “Ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ” ва ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад…” истифода кардааст.  Дар инҷо Саидмукаррам бояд посух бигӯяд, ки агар Ислом сулҳу субот наорад ва сабаби ақибмондагӣ ва монеъи пешрафт бошад, пас комилияти дини Ислом ва раҳмат будани Паёмбару наҷотдиҳандаи башарият будани Қуръон, чӣ маъно дорад?  Беҳтар мебуд Саидмукаррам инқадар худро ба нодонӣ ва нофаҳмӣ намезад ва сабагории аслии ин ҳама нооромиҳо ва ақибмондагиҳоро ҳамчун як “ходим” ва “донишманди” динӣ, воқеъбинона баён мекард ва ин ҳамаро ба исломи азиз ва ҳизбҳои динӣ рабт намедод. Ҳама хуб медонад, ки сабабгори ин ҳама бадбахтиҳо ҳамонҳое ҳастанд, ки Саидмукаррам ва амсолаш он аз онҳо пуштибонӣ мекунанд ва онҳоро барои истисмор ва ситам кардани мардуми мазлум ёрӣ менамоянд.

Шарофат аз нигоҳи Саидмукаррам

Саидмукаррам дар ин мақола дигаронро ба бешарафӣ ва нифоқ тӯҳмат мезанад, дар ҳоле, ки худи он “бошарофат” ва “муъмини комил”  кораш шуда тӯҳматзаниву  дурӯғ бастан бар мусалмонон ва пуштибонӣ аз золимону ситампешагон ва нодида гирифтани ҳаққи мазлумин.  Хуб мешуд ҷаноби Саидмукаррам масулияти аслии худро дарк мекард ва ба ҷои душмантарошиву тафриқа андохтан байни мусалмонон, аз ҳуқуқҳои онҳо дифоъ мекард ва дар фикри хидмат ба мардуми мазлуми Тоҷикистон мешуд. .

Дар ин мақола муаллиф бо бешармии тамом иброз медорад, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте дар робита ба дин ва анҷоми шаъоири он вуҷуд надорад. Аз нигоҳи муаллиф мусалмонон дар Тоҷикистон комилан озоданд ва метавонанд озодиҳои эътиқодияшонро комилан татбиқ намоянд. Ин иддаъои Саидмукаррам дар ҳолест, ки ҳаррӯза маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ҳастанд ва созмонҳои байналмилалӣ ҳарсола нигаронии худро нисбати он иброз медоранд. Инчунин шаҳрвандони кишвар ҳаррӯза дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дар ин маврид маводҳо ва наворҳои зиёде ба нашр мерасонанд ва аз маҳдудиятҳои динӣ суҳбат мекунанд.

Ҷудо сохтани сиёсат аз ислом, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест

Дар қисмати дигаре аз мақола муаллиф даъво кардааст, ки ҲНИТ аз ибтидои таъсисаш аз ҷониби мардуми Тоҷикистон пазируфта намешуд ва барои исботи  ин даъвояш чунин далел овардаст:“Зеро таҷрибаи давлатҳои хориҷие, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеъи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.”

Дар мавриди он ки ҲНИТ-ро мардуми Тоҷикистон қабул доштаанд ё не чизе намегӯям, зеро мардум худ медонанд, ки ҲНИТ дар ибтидои таъсисаш байн аҳолии Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳе дошт. Дар мавриди нооромӣ ва ақибмондагии кишварҳои хориҷӣ ҳам қаблан гуфтем, ки сабабгорӣ ин ҳама бадбахтиҳо кист. Аммо масалаи муҳим, ки бояд посухи бо далел гуфта шавад ин аст, ки муаллиф иддаъо дорад Ислом ба умури сиёсӣ набояд коре дошта бошад.

Ин иддаъои муаллиф ҷуз таҳриф ва нодида гирифтани оятҳои зиёде аз Қуръон ва ҳадисҳои бешуморе аз Суннати Паёмбари гиромӣ чизи дигаре нест. Зеро оятҳо ва аҳодисе, ки дар робита ба умури сиёсӣ аз масоили хонаводагӣ гирифта то умури давлатдорӣ, ва барпо доштани адолат дар миёни мардум, аз байн бурдани зулму ситам чунон зиёд аст, ки қурбон кардани ҳамаи онҳо танҳо ба хотири розӣ сохтани ҳокиме ва ё манофеъи дунёӣ айни ҷаҳолат ва мунофиқӣ аст. Худованд дар ояти 89-и сураи Наҳл мефармояд: “ Мо барои ту китобе нозил фармудаем, то ҳақиқати ҳар чизеро равшан кунад ва барои мусалмонон ҳидоят ва раҳмат ва башорат бошад.” Вақте мегӯем дин набояд ба сиёсат коре дошта бошад, пас ҷавоби ин оятро чӣ гуна медиҳем? Дар ҷои дигар мефармояд: …(Қуръон) ҳар чизеро (ки роҷеъ ба саодати дунё ва охирати мардум аст) муфассал баён мекунад ва барои аҳли имон ҳидоят ва раҳмат хоҳад буд.” Сураи Юсуф ояти 111.  

Паёмбари Ислом ва ёрони ӯ, то охири ҳаёташон машғул ба сиёсат буданд ва умури мардумро танзим мекарданд ва чӣ гуна як мусалмон метавонад ин ҳамаро нодида бигирад ва даъво намояд, ки сиёсӣ сохтани дин ба манфиъат нест. Оё аз рӯи мантиқ аст, ки Расули Худо то одоби халоҷо рафтан, одоби даромадану баромадан аз ҳоҷатхонаро барои пайравонаш таълим бидиҳад, вале аз умури муҳиме чун сиёсат ва масоили давлатдорӣ фурӯгузор шавад?

Дар инҷо танҳо бо овардани ду ҳадис аз ҳадисҳои Паёмбар иктифо мекунем: “Ҳар ки амре аз умури мусалмонҳоро ба дӯш бигирад, пас масъулиятеро барои нафаре вогузор намояд, дар ҳоле, ки медонад нафаре беҳтар аз он барои салоҳи мусалмонон ёфт мешавад, дар ҳақиқат бар Худову Паймбар ва муъминон хиёнат кардааст.” Дар ҳадиси дигар омаддаст: “Ҳар нафаре, ки масулияти роҳбарии аз мусалмононро ба дӯш дошта бошад ва дар ҳоле аз дунё гузарад, ки нисбати онҳо хиёнат ва тазвир карда бошад, Худованд ҷаннатро бар ӯ ҳаром мегардонад.” Ривояти Бухорӣ

Инро ҳам изофа бояд кард, ки исломи ҳақиқие, ки Худованд ба воситаи Паёмбар фиристодааст, наметавонад аз сиёсат дур бошад. Агар бихоҳем сиёсатро аз ислом ҷудо намоем, дар воқеъ исломро табдил ба дине ғайр аз ислом кардаем.

Яке дигар аз шубҳаҳои ворид кардаи муаллиф он аст, ки “Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хеш аст.” Чуноне, ки қаблан баён доштем ин тарзи андеша аслан ба таълимоти исломӣ, мувофиқат намекунад. Дар ин ҷо муаллиф (ҳар касе набошад) сиёсат ва инчунин исломро на аз нигоҳи сарчашма ва манобеъи шаръӣ, балки аз дигар зовия баҳо додааст. Зеро ин тарзи биниш ҳам нисбати сиёсат ва ҳам нисбати дини ислом, аз нигоҳи Қуръон ва суннат, инчунин фиқҳи исломӣ комилан мардуд аст. Зеро аз нигоҳи муаллиф сиёсат амали палид ба шумор меравад, набояд исломро ба он олуда сохт.

Аммо сиёсати мавриди  назари ислом ин аст: Сиёсат, яъне ҷорӣ кардани адолат дар байни мардум, тақсимоти одилона дар амволи умумӣ, кӯмаку дастгирии мазлумон ва не гуфтан бар золимон, гирифтани ҳаққи бечорагон аз қудратмандон, фароҳам кардани фурсатҳои муносиб барои мардум, сарпарастии қишри мӯҳтоҷ ва ниёзманди ҷомеъа, мисли ятимҳо, масокин ва пиронсолону барҷомондагон ва дар ниҳоят, риъоя ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон. Ҳоло куҷои ин сиёсат палид ва нопок аст? Мӯҳтарам ҷаноби муаллиф, мо аз сиёсат инро мефаҳмем ва дунболи бароварда сохтани арзишҳои он ҳастем, аммо сиёсате, ки шумо ва ҳаммаслакони шумо мешиносед, дуруст мегӯед ба Ислом дахл  надорад.

Бале Ислом поку озода аст ва бояд ҳамагон аз нури он баҳравар гарданд

Роҳбари уламои кишвар, исломро тарзе муаррифӣ намудааст, ки гӯиё аслан Қуръон нахонда ва аз сирату аҳодиси Паёмбар огоҳие надорад ва боре ҳам ба китобҳои фиқҳӣ сар назада бошад. Бале Ислом поку озода аст ва бояд аз нури ҷонбахши он ҳамагон истифода баранд, вале чӣ гуна ҳамагон аз нури он истифода мебаранд, ки шумои ҷаноб мехоҳед, онро аз зиндагии мардум дур созед ва намегузоред онҳо зиндагии худро бо Исломи поку озода, танзим намоянд.

Аммо ин ки “Диндори як кори ҳамешагии шахс бо Худои хеш аст” , комилан ғалат мегӯед. Аслан исломе, ки Муҳаммад(с) овардааст, динест, ки тавсияҳои ахлоқиро ба ҳамроҳ дорад, қонун ва қавоъидеро бо худ оварда, ки зиндагии дунёиро танзим мекунад ва донишмандони исломӣ онҳоро шарҳу тафсир кардаанд ва бо оятҳо ва ҳадисҳои аҳком маъруфанд. Донишмандони соҳаи фиқҳ ҳамаи онро бо тафсил дар китобҳои худ баён доштаанд, ки масоили марбут ба зиндагии инсонро ҳамаҷониба дар дарбар мегирад. Аз одоби истинҷо ва таъомхӯрӣ гирифта то умури сиёсӣ ва муносибат бо кишварҳои хориҷ ҳамаро шомил мешавад. Пас чӣ гуна гуфта мешавад, ки диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хеш аст ва коре ба ҷомеъа ва зиндагии дунё надорад.

Мафҳуми ислом фарохтару васеътар аз мафҳуми дин аст

Инҷо мехоҳам як нуктаро низ бо “шарофати” мақолаи муфтӣ аввалан барои худи ӯ ва баъдан барои хонандагони муҳтарам баён дорам, ки калимаи Ислом, маъно ва мафҳумаш аз калимаи дин фарохтару васеътар аст. Набояд калимаи динро муродифи калимаи ислом истифода барем, зеро ислом дину дунё ҳардуро шомил мешавад ва дин бештар дар мавриди боварҳо ва аҳкоми собити илоҳӣ истифода мешавад. Бинабар ин мегӯем: Ислом дин ва дунёст, бовар ва шариъат  аст, ибодат ва муомила аст, даъват ва давлат аст, инчунин ахлоқ ва қувват аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки Паёмбар дар дуъояш динро дар муқобили дунё  қарор додааст. “Парвардигоро! Дини манро ислоҳ намо, ки дар он исмати амри ман аст. Ва дунёямро ислоҳ бинмо, ки дар он зиндагӣ мекунам. Ва охиратамро обод бигардон, ки бозгаштам ба онҷост.”  Уламои исломӣ низ дар китобҳояшон ин чизро ба инобат гирифта мегӯянд: “Дин ва сиёсат” ва ё “дин ва давлат”.  Ин таъбироти донишмандон на ба хотири ҷудо будани сиёсат аз ислом аст, балки ба он хотир аст, ки дин ва сиёсат ва ё дину давлат, ҷузъе аз ислом ҳастанд.  

Ибодатҳои исломӣ ҷанбаҳои сиёсӣ доранд

Ҳатто ибодатҳоеро, ки ислом барои пайравонаш машрӯъ гардонидааст, ҷиҳатҳои сиёсӣ дар бештари онҳо ба мушоҳида мерасад. Барои мисол чанд намунаеро ин ҷо ёдовар мешавем. Шахси мусалмон дар дохили намоз, ки бо Парвардигорашро муноҷот мекунад, вориди сиёсат мешавад. Мусалмон дар дохили намоз оётеро аз Қуръон тиловат мекунад, ки аз асосоҳои сиёсат ба ҳисоб мераванд мисли ояти 58-и сураи Нисо: “ Ҳамоно Худованд ба шумо амр мекунад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон адо намоед. Ва чун байни мардум ҳукм кардед, ба адолат доварӣ кунед. Ҳамоно Худованд шуморо панди некӯ медиҳад.  Бе шак Худованд шунаво ва биност.”  Ва дигар ин ки шахси мусалмон дар дохили намоз бар алайҳи ҳокимони золим ва худкомагоне, ки мардумро бе ҷиҳаит ситам мекунанд, дуъо мекунад, ки дар истилоҳи фуқаҳо ба “Қунути навозил” маъруф аст.  

Яке дигар аз ибодатҳои Исломӣ закот аст, закот як ибодати молӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ мебошад. Асл ин аст, ки закот бояд аз ҷониби давлат танзим шавад, ҷамъоварӣ ва тақсими он ба сохторе марбут мешавад, ки зери назари давлат фаъолият мекунанд. Ин сохтор, ки дар китобҳои фиқҳ бо номи “ Омилини закот” аз он ёд мешавад музаффанд, ки закотро аз сарватмандон гирифта барои фуқаро ва ниёзмандон бидиҳад. Аз ҷумлаи касоне, ки бояд барои онҳо закот дода шавад, “муаллафатулқулуб” ҳастанд, ки дар асл сарфи закот барои ин синф мардумон низ ҷанбаи сиёсӣ дорад. Метавонед дар ин маврид ба китобҳои фиқҳи исломӣ муроҷиъат намоед.

Ҷаноби муфтӣ бар кадом асос мехоҳад сиёсатро аз баданаи дини ислом ҷудо созад, шумо хонандагон худ қазоват намоед!

Оё оятҳои овардаи Саидмукаррам даъвои ӯро собит месозанд

Дар охир Саидмукаррам Абдулқодирзода бо овардани ду ояте аз Қуръони карим мехоҳад собит созад, ки таъсиси ҳизби исломӣ аз нигоҳи Қуръон дуруст нест. Ояти аввале, ки мехоҳад бо истифода аз он иддаъои худро собит созад, ояти 46-и сураи анфол аст. Худованд дар ин оят мефармояд: Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад. Хуб мешуд ҷаноби муфтӣ тамоми оятро меоварда, на ин ки бо овардани қисмате аз он иктифо мекарда, то мақсад ва мазмуни оят барои хонанда равшантар мешуд. Инро ҳам бояд зикр кард, ки ин оят такмилкунандаи ояти қаблӣ дар сураи Анфол мебошад. Дар ин ду оят Худованд баъд аз зикри неъмати насру пирӯзии мусалмоннон дар рӯзи Бадр, онҳоро чанд тавсияи муҳим мекунад. Худованд мусалмононро дар роҳи мубориза ва рӯёрӯйӣ бо душман  ба устуворӣ, хештандорӣ ва адами ноумедӣ, зикру ёди Худо, итоъат аз Худованду Паёмбараш ва инчунин дар итоат аз Худованду Паёмбар ба ихтилофу кашамакаш роҳ надодан тавсия мекунад. Ҷаноби муфтӣ ин ҳамаро гузошта бо овардани қисмати охири оят мехоҳад, ба даъвои беасоси худ, асос бахшад.

Ин оят на танҳо иддаъои муфтиро собит намекунад, балки бар алайҳи худи ӯ равона шудааст. Зеро имрӯз мардуми мусалмони Тоҷикистон дар муқобили як душман қарор доранд ва бояд барои пирӯз шудан бар он дар муборизаашон устувор бошанд ва бо ҳам ихтилофу низоъ накунанд. Душмани имрӯзаи миллати тоҷик, зулму ситам, ноадолатӣ, поймол шудани ҳаққу ҳуқуқи онҳо аз ҷониби гурӯҳе, қашоқӣ, фақру ниёзмандӣ, маҳдудиятҳо дар озодиҳои эътиқодӣ ва динӣ ва муҳоҷирату дарбадарӣ мебошад, ки бояд бо сарҷамъӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ бо кумаку ёрии Худованд бар он пирӯз шаванд ва нагузоранд, ки як гурӯҳ бо ҳашт миллион мардуми тоҷик ҳамчун ғулом муносибат намояд.

Ояти дигаре, ки ҷаноби муфтӣ мардуми мусалмонро бо овардани он мехоҳад гӯл бизанад, ояти 105-и оли Имрон аст. Дар ин оят ҳам он чиро, ки муфтӣ мехоҳад исбот кунад, дида намешавад, балки хилофи онро исбот мекунад. Чун ин оят ҳам иртиботи муҳкаме бо ояти қабл аз худаш дорад ва бештар такмилкунандаи ояти қаблист. Дар ояти қаблӣ Худованд бар мусалмонон дастур медиҳад, ки бояд аз байни шумо гурӯҳе масъулияти амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро ба дӯш бигиранд ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда аз корҳои бад боздоранд, гарчӣ амри маъруф ва наҳйи аз мункар вазифаи ҳар фарди мусалмон аст ва бояд то ҳадди тавон саҳми худро бигузорад.  

Дар ояти баъдӣ Худованд мусалмононро аз ин ки ба мисли умматони пешин, ки аз амри маъруф ва наҳйи мункар даст кашида бо ҳам дар мавриди динашон ихтилоф карданд, барҳазар медорад. Кореро, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон дар муддати фаъолияташ анҷом медод ва имрӯз ҳам ба дунболи он аст, ҷуз амри маъруф ва наҳйи аз мункар чизе дигаре нест, инро бо итминони комил метавон гуфт. Зеро яке аз ҳақҳои мардум дар Ислом, балки яке аз воҷиботи онҳо, ин аст, ки ҳокимро насиҳат намоянд, ва нагузоранд, ки ба бероҳа биравад, ӯро ба корҳои хайр роҳнамоӣ ва аз мункарот боз доранд. Ҳаргоҳ дар уммате ташвиқ ба корҳои хайр ва манъ кардан аз корҳои бад аз байн рафт, дигар хайру хубие дар онҳо боқӣ нахоҳад монд ва ба монанди умматони қаблӣ мавриди нафрини Худованд қарор хоҳад гирифт. Худованд мефармояд: “Онҳо (умматони гузашта) якдигарро насиҳат намекарданд ва аз корҳои зиште, ки анҷом медоданд якдигарро боз намедоштанд, онҳо чӣ бад коре мекарданд.” мафҳуми ояти 79-и Сураи Моида.

Дар ҳадис омадааст. “ Ҳарвақто дидед, ки уммати ман тарсиданд дар муқобили золим биистанд ва бигӯянд: “эй золим”, пас фотиҳаи онҳоро бихон!”

Вале ҳамагии мо медонем ва аз таҷриба ҳам собит шудааст, ки рост кардани каҷиҳои ҳокимон кори саҳлу соддае нест ва мардум тавону қудрате надоранд, ки онҳоро бо зӯр ба роҳ дароваранд, балки ҳама қудрат дар қабзаи онҳост. Пас роҳи ягона барои пешгирӣ аз зулму ситами ҳокимон ва ба роҳи рост кашидани онҳо, бе зури силоҳ ва резонидани хуни мардуми бегуноҳ, вуҷуди қувваҳои сиёсӣ мебошад, ки имрӯза дар шакли  ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият мекунанд, ва дар муқобили каҷравиҳо ҳокимон истода, аз ҳуқуқҳои мардуми мазлум дифоъ мекунанд.

Ҳаром эълон кардани чизе далел мехоҳад

Як иштибоҳ ва хатои дигари ҳазрати муфтӣ дар ин мақола дар он аст, ки бе ироаи  ягон далели сареҳ ва ошкор аз Қуръону Суннат аз пеши худ ҳукм ба ҳаром будани коре мекунад. Бояд дониста бошад, ки барои ҳаром донистани коре, ҳатман бояд далеле аз Қуръон ва суннат дошта бошад, ки ҳам ошкоро бар ҳаром будани он чиз далолат кунад ва ҳам далолаташ қатъӣ бошад. Дар ғайри ин сурат ҳеҷ касе ҳақ надорад аз пеши худ чизеро ҳукм ба ҳаром будан намояд.  

Бояд дониста бошад, ки ҳукм ба ҳаром кардани чизе бе доштани далели шаръӣ, ифтиро ва дурӯғ задан бар Худо аст. Худованд дар ин маврид мефармояд: “Ва бо дурӯғе, ки ба забонатон меояд нагӯед: ин ҳалол аст ва он ҳаром, то бар Худо дурӯғ баста бошед, зеро касоне, ки бар Худованд дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд.” Мафҳуми ояти 116  сураи Наҳл.

Аксаран ин навъ фатвоҳои ҷоҳилона аз шахсоне содир мешавад, ки бо мақосид ва маъорифи исломӣ огоҳии кофӣ надоранд. Бархе донишмандон дар гузашта вақте фатвои чунин ашхосро медиданд, мегуфтанд: “Баъзе касоне, ки имрӯз барои мардум фатво содир мекунанд, аз дуздон дида ба зиндон андохтани онҳо шоистатар аст. Зеро дуздон дунёи инсониятро вайрон мекунанд, вале ин афрод,  дини инсонҳоро фосид месозанд.”

Худованд ҳамаи моро аз шарри чунин муфтиёне, ки ба хотири ду рӯза зиндагии дунё омодаи ҳар коре ҳастанд, наҷот бидиҳад.

Исломҷони Саид

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *