Шӯрои амнияти Созмони милал барои расидагӣ ба таниш миёни Русия ва Украина дар баҳри Азов нишасти фавқулъода баргузор мекунад.
Русия дар пайи ташдиди таниш бо Украина дар дарёи Азов, хостори баргузории нишасти фаврии Шӯрои амнияти Созмони милал барои баррасии ин масъала шуд.
Нишасти фавқулъодаи Созмони милал имрӯз соат 21:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.
Русия эълом карда буд, ки новҳои Украина ба сурати ғайриқонунӣ вориди обҳои Русия шуданд ва дар пайи он Маскав, киштиҳои ҷангиро ҳадаф қарор додааст.
Нерӯҳои баҳрии Украина низ эълом карда буд, ки киштии Хадамоти амниятии федеролии Русия дар тангаи Керч дар баҳрии Азов ба новҳои Украина ҳамла карданд, ки дар пайи он 6 баҳрнаварди ин кишвар захмӣ шудаанд.
Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина тайи суханронӣ дар нишасти Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи ин кишвар, ки рӯзи гузашта, якшанбе соъоте баъд аз даргирии шиноварҳои Русия ва Украина дар наздикии тангаи Керч байни баҳри Сиёҳ ва баҳри Азов ташкил шуд, гуфт, ба парлумон пешниҳод хоҳад дод дар кишвараш вазъияти ҳукумати низомӣ эълом кунад.
Порошенко бо баёни ин ки эълони вазъияти ҳукумати низомӣ шомили басиҷи низомӣ набуда ва ҳадаф аз он танҳо ба ҳоли омодабош даровардани артиши ин кишвар аст, тасреҳ кард, ки барқарории вазъияти ҳукумати низомӣ озодиҳои маданиро маҳдуд нахоҳад кард.
Ба гузориши расонаҳои Украина, интизор меравад давлати ин кишвар 60 рӯз ҳукумати низомӣ эълом кунад.
Фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Украина рӯзи гузашта тайи баёнияе эълом кард, ки Русия ба рӯйи киштиҳои мутааллиқ ба ин нерӯҳо дар баҳри Азов, дар наздикии танга Керч оташ кушода ва 2 нафарро маҷрӯҳ кардааст.
Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъии Украина соъоте баъд аз ин даргирӣ ба раёсати Петро Порошенко, раисҷумҳури ин кишвар ташкил ҷаласа дод.
Аз сӯи дигар Русия низ дар пайи ташдиди таниш бо Украина дар баҳри Азов, хостори баргузории нишасти фаврии Шӯрои амнияти Созмони милал барои баррасии ин масъала шуд.