Рубрики Хабарҳо

Барқи Тоҷик ба тақсимшавӣ омода мешавад

Ширкати монополии «Барқи Тоҷик», ки бояд то охири имсол ба ду ширкати мустақил тақсим шавад, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ феҳристи маводи аслие, ки ба ин ду ширкат дода хоҳад шуд, пешниҳод кардааст.

Баъди баррасии феҳрист ва тасдиқи он аз тарафи Кумита, қарори ҳукумат қабул хоҳад шуд, ки тибқи он раванди тақсимшавии ширкат ба ду ширкати алоҳида хотима хоҳад ёфт.  

Дар ҳамин ҳол Барқи Тоҷик дар як соли гузашта шумори кормандонашро ҳазор нафар камтар кардааст. Тибқи ҳисоботи аудитии ширкат, 31 декабри соли 2017 шумори коргарони он ба 11 ҳазору 178 нафар расонида шудааст. Дар ҳамин санаи соли 2016 дар Барқи Тоҷик 12 ҳазор 208 нафар кор мекарданд.

Масъулини ширкат мегӯянд, ки ихтисори кормандон барои камтар кардани хароҷот ва беҳтар сохтани вазъи молиявии ширкат, ҳамчунин омодагӣ ба азнавсозии он сурат гирифтааст.

Гуфтанист, ки раванди азнавсозии Барқи Тоҷикро ҳукумат соли 2012 оғоз карда буд ва бояд охири соли ҷорӣ ба анҷом расад. Аз замони шурӯъи ин раванд зарари ин ширкат бо шиддат меафзояд.

Барқи Тоҷик дар соли 2017 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ ($400 миллион бо қурби миёна дар ин сол) зиён дидааст. Тибқи аудитиҳисобдории «Барқи Тоҷик», ки онро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом додааст, зарари Барқи тоҷик тақрибан баробари даромадаш аз фурӯши барқ аст.

“Барқи Тоҷик” — ширкати монополии фурӯши барқ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи афроди наздик ба Оила идора мешавад ва ҳаргиз дар бораи харҷу дахлаш ба мардум ҳисобот надодааст, зараровартарин ширкати бузурги кишвар маҳсуб мешавад. Ин ширкат тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об бештар аз $1,7 млрд доллар аст, ки наздик ба 70 дарсади буҷаи солонаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Маълум нест баъди тақсимшавии он ба ду ширкат қарзи ширкатро чӣ ниҳоде пардохт хоҳад кард. 

Тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRLдар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) бароварда шуда буд. Соли 2015 низ ин ширкат тавониста буд 2,8 млрд сомонӣ (ҳудуи ($350млн бо қурби миёна) зарар кунад. Яъне дар се сол Барқи Тоҷик 1 миллиард доллар зарар кардааст, ки бояд аз ҳисоби буҷа, аниқтараш кисаи мардум пардохт шавад.

Тоҷикистон солона ҳудуди 17 млрд кВт/с барқ истеҳсол мекунад.10-12 дарсади он тибқи гуфтаи масъулини ширкат то расидан ба харидор гум мешавад. Қимати миёнаи фурӯши барқ ба аҳолӣ, корхонаҳо ва хориҷ 2,3 сентро ташкил медиҳад. Яъне, бо назардошти барқи гумшуда, дар умум Барқи Тоҷик ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ ($400 миллион) барқ фурӯхтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *