Рубрики Хабарҳо

Вокуниши шаҳрдории Кӯлоб ба хабари боздошти ду намояндаи шаҳрдор

Шаҳрдории Кӯлоб дар саҳифаи Фейсбукияш  ба хабари сомонаи «Ахбор” дар бораи боздошти ёрдамчӣ ва ронандаи раиси ин шаҳр вокуниш кард.

Дар вокуниши шаҳрдории Кулоб омадааст, ки  «хабари нашргардида бардурӯғ буда, асоси воқеъӣ надорад.” 

Бино ба даъвои шаҳрдории Кӯлоб маводи хайриявие, ки ба ин минтақа ирсол шуд, «ба таври шаффоф ва ошкоро ба муассисаҳои соҳаи тандурусӣ ва оилаҳое, ки аз бемории коронавирус (COVID-19) фавтидаанд, ба пуррагӣ тақсим карда шуд.” 

Дар ҳамин ҳол шаҳрдорӣ дар бораи сабабҳои бозпурсии ронандаи раис Хурсанд ва ёрдамчиаш Фирӯз Қурбонов аслан шарҳе надодааст. 

Сомонаи «Ахбор” менависад, ки манбаъаш бо исрор гуфтааст, ки ронандаи Баҳром Иноятзода то ҳол дар боздошт қарор дорад ва ёрдамчиашро шартан озод кардаанд. 

Тибқи иттилои қаблии сомонаи Ахбор, ин ду нафар аз ҷониби кормандони КДАМ бо иттиҳоми фурӯши кумакҳои хайрия боздошт шудаанд. Ду сол пеш вақте шаҳрдори кунунии Кӯлоб Баҳром Иноятзода роҳбарии шаҳри Истаравшанро ба дӯш дошт, дар онҷо низ ронандаи шаҳрдорӣ бо иттиҳоми коррупсия дастгир шуда буд. Гуфта мешуд, ки Ҷиянхон Ғоибов, мулаққаб ба «Ҷоник” аз номи шаҳрдории Истаравшан гӯё барои «корҳои ободонӣ” аз соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои ин шаҳр маблағҳои бузург талаб мекард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *