Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дирӯз 26 июл дар Душанбе баргузор шуд, гуфтааст Додситонии кулли Русия ба Додгоҳи олии ин кишвар бо дархости террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муроҷиат кардааст.
Дар ин бора нашрияи иттилоъ медиҳад. Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 манъ шуд, аммо бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҲНИТ-ро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ қарор надода буд. .
Ба гуфтаи Игор Краснов, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, Додситонии кулли Русия баъди баррасии дархости додситонии кулли Тоҷикистонро дар мавриди террористӣ эътироф намудани баъзе созмонҳо ба додгоҳ муроҷиъат кардааст.
Краснов ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст “нисбати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аллакай ба додгоҳ даъвои дахлдор фиристодем”.
Додситони кулли Русия изҳор дошта «додситони кулли Тоҷикистонро дар бораи баррасии дархосташ барои террористӣ эътироф кардани баъзе созмонҳо дар Русия хабардор мекунам», аммо маълум нест манзури ӯ аз “созмонҳо” ба ҷузъ ҲНИТ боз кадоми дигаранд. Сойти раисҷумҳури Тоҷикистон , дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раҳбари Департаменти равобити хориҷии ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон ба Паём гуфт:
“Ҳоло ки Русия, ки дар инзиво қарор дорад ва ба шарикҳо ниёзи шадид дорад, ахиран талабҳои пардарпайи ҳукумати Тоҷикистонро қабул кард. Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2015 то кунун борҳо кӯшиш кард, ки Русия ва дигар кишварҳо ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон кунанд, вале ноком шуд. Ҳоло баъди ҳуҷуми Русия ба Украина ва тағйири авлавиятҳо дар манофеъи Русия, ин кишвар талаби Тоҷикистонро қабул кард”.
Файзраҳмонов ҳамчунин илова кард “бе ин ҳам Русия ҷои амне барои аъзову ҷонибдорони Наҳзат ва дигар фаъолони тоҷик набуд ва нест ва ҳоло дигар чандон фарқе намекунад, ба ҷуз хушҳолии мошини таблиғотии ҳукумат ва фабрикаи ҷавобаш”.
Мақомоти Тоҷикистон бо дархости террористӣ эътироф кардани ҲНИТ ба бештари кишварҳои ҷаҳон муроҷиъат карда ва гоҳе ҳатто аз шантаж кор гирифтаанд, аммо Русия аввалин кишварест, ки ҲНИТ-ро ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ворид мекунад.
Дар посух ба ин суол, ки оё кишварҳои дигари ИДМ метавонанд бо пайравӣ аз Русия ҲНИТ-ро ба ин рӯйхат шрмил кунанд, раҳбари Департаменти равобити хориҷии ҲНИТ гуфт ин кор баъид аст, чун Русия дар мавқеъе нест, ки барои чунин коре ба кишварҳои ОМ фиҳор оварад.