Рубрики Хабарҳо

Се бандари Укроин омодаи содироти ғаллаҳо мешаванд

Се рӯз пас аз тавофуқи Истамбул, се бандари Укроин дар канори баҳри Сиёҳ омодаи аз саргирии содироти ғаллаҳо аз ин кишвар мешаванд. Андаке баъд аз тавофуқ, Русия бандари Одессаро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод ва боиси нигаронӣ дар мавриди иҷрои тавофуқ шуд. 

Масъулони идораи бандари Укроин рӯзи якшанбе, 24 июл эълом карданд иқдомҳои лозим дар се бандари Одесса, Черноморск ва Южний барои аз саргирии содироти ғалла дар ҳоли анҷом аст. 

Укроин аз муҳиммтарин тавлидкунандагон ва содиркунандагони ғаллаҳои ҷаҳон аст аммо аз замони таҷовузи низомиёни русӣ ба ин кишвар ва масдуд шудани муҳимтарин роҳҳои иртиботи баҳрӣ, қодир ба идомаи содирот набудааст. 

Ин масъала боиси камбуд ва афзоиши қимати ғаллаҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ба хатар афтодани амнияти ғизоии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон шуд. 

Намояндагони Русия ва Укроин рӯзи ҷумъа бо миёнҷигарии Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал тавофуқномае имзоъ карданд, ки қарор аст имкони ирсоли ғаллаҳо аз масири Баҳри Сиёҳро фароҳам кунад. 

Русия ва Укроин мутааҳҳид шудаанд, аз ҳар иқдоми низомӣ, ки интиқоли маҳмулаҳои маводи ғизоиро ба хатар биандозад бипарҳезанд. Бо ин ҳол андаке пас аз тавофуқ, бандари Одесса, ки бахше аз бузургтарин анборҳои Укроин дар он қарор дорад, ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. 

Маскав ибтидо масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифт ва рӯзи якшанбе пас аз таъйиди он муддаӣ шуд анбори мушакҳои ирсолии Амрикоро ҳадаф гирифта, ки Киев аз онҳо барои ҳамла ба шиноварҳои Нерӯи баҳрии Русия истифода мекунад. 

Тардиди Киев пас аз ҳамла ба бандари Одесса 

Олег Остенко, мушовири иқтисодии Владимир Зелинский, раисҷумҳури Укроин субҳи якшанбе дар як барномаи телевизионӣ гуфт, пас аз ҳамлаи Русия ба бандари Одесса эҳтимол медиҳад заминасозӣ барои содироти ғаллаҳо бо мушкил рӯ ба рӯ шавад. 

Баровард мешавад дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 миллион тонн ғаллаҳо омодаи судур аз Укроин бошад. Мушовири Зелинский мегӯяд, агар муҳосираи бандарҳои Баҳри Сиёҳ воқеан бардошта шавад, Укроин метавонад зарфи ҳашт  моҳ то 60 миллион тонн ғаллот ба хориҷ ирсол кунад. 

Ӯ афзуд, аммо агар Русия ба тааҳҳудоти худ мутобиқи тавофуқи Истамбул пойбанд набошад, ирсоли ин ҳаҷм ғалла аз масирҳои дигар метавонад 20 моҳ то ду сол замон бибарад. 

Таъкиди Лавров бар мӯътабар будани тавофуқи Истамбул 

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи якшанбе пас аз таъйиди ҳамлаи мушакӣ ба бандари Одесса гуфт, тавофуқномаи байналмилалӣ барои ирсоли ғаллаҳои Укроин аз тариқи Баҳри Сиёҳ ҳамчунон эътибор дорад. 

Лавров мегӯяд, як маркази контрол дар Истамбул бар интиқоли маҳмулаҳо назорат мекунад ва нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ва Русия ба таври муштарак таъмини амнияти шиноварҳои ҳомили ғаллаҳоро бар ӯҳда доранд. 

Вазири хориҷаи Русия ин суханонро дар остонаи сафари худ ба чанд кишвари африқоӣ баён кард. Нахустин мақсади Лавров Миср аст, ки ба дарёфти ғаллаҳо аз Русия ва Укроин ба шиддат вобастааст. 

Ӯ итминон дод, ки содиркунандагони русӣ ба тааҳҳудоти худ дар муқобили Миср пойбанд ҳастанд. Миср аз маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки дар ҷараёни таҷовузи низомии Русия ба Укроин аз маҳкум кардани Маскав худдорӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *