Рубрики Хабарҳо

Истамбул дар 6 моҳ $50 млрд содирот доштааст

Дар нимаи аввали имсол содироти маҳсулоти мухталиф аз Истамбул ба 49 миллиарду 945 миллион доллар расид, иттилоъ  медиҳад хабаргузории туркии Анадолу. 

Тайи шаш моҳи аввали имсол содироти ширкатҳои Истамбул бо 23 дарсад афзоиши нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл ба 49 миллиарду 945 миллион доллар расид. 

Ширкатҳои Истамбул, ки ҷойгоҳи муҳимме дар тиҷорати ҷаҳонӣ доранд, ҳамчунон маҳсулоти худро бо суръат ба саросари ҷаҳон ирсол мекунанд ва мотори муҳаррикаи иқтисоди Туркия маҳсуб мешаванд. 

Бар асоси додаҳои маҷмаъи содиркунандагони Туркия (TEM) аз январ то июн Истамбул бо 49 миллиарду 945 миллион доллар содирот дар ҷойгоҳи аввал буда ва пас аз он низ устони Коҷаалӣ бо 10 миллиарду 147 миллион доллар, Бурса бо 7 миллиарду 918 миллион доллар, Измир бо 7 миллиарду 140 миллион доллар ва Анқара бо 5 миллиарду 346 миллион доллар қарор доранд. 

Дар ин муддат бештарин содироти Истамбулро ширкатҳои муртабит бо фаровардаҳои химиёвӣ бо 8 миллиарду 519 миллион доллар анҷом додаанд. 

Пас аз ин бахш низ ширкатҳои пӯшок бо 7 миллиарду 372 миллион доллар, бахши фӯлод бо 5 миллиарду 924 миллион доллар, филизоти оҳанӣ ва ғайри оҳанӣ 4 миллиарду 323 миллион доллар ва барқу электроник бо 3 миллиарду 710 миллион доллар қарор доранд. 

Олмон аслитарин муштарии маҳсулоти содиротӣ аз Истамбул буда ва колоҳои ба арзиши 4 миллиарду 368 миллион доллар тайи ин муддат ба Олмон содир шудааст. 

Амрико, Англистон, Италия ва Испания низ дар радаҳои дувум то чаҳоруми мақосиди содиротии Истамбул қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *