Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин ихтилофот байни ду абарқудрати иқтисодии Аврупоро ошкортар кард

Ҷанги Укроин раванди таърихӣ дар Аврупоро тағйир дода ва танишҳои таърихӣ ва пинҳон дар равобити Фаронса ва Олмон, ду муттаҳиди аврупоиро ошкортар аз ҳамеша кардааст. 

Ҳарчанд Эммануил Макрон ва Олаф Шолтс талош мекунанд, то дар заминаи энержӣ ва масоили низомӣ худро ҳамсу нишон диҳанд, аммо ба назар мерасад, ки 60 сол пас аз бастани “паймони Элиз” ҳамчунон шикофҳои амиқ байни ду кишвар вуҷуд дорад. 

Ба гуфтаи Люк ван Миллар, муаррих ва таҳлилгари сиёсӣ, 24 феврали 2022, аввалин рӯзи ҳамлаи Русия ба Укроин аз лиҳози таърихӣ бо фурӯпошии девори Берлин ва фурӯпошии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ қобили муқоиса аст, рӯйдоде, ки ҳамчун соли 1989 яке аз муҳиммтарин пояҳои суботи қораи сабз, иттиҳоди “Олмон ва Фаронса”-ро ба хатар андохтааст. 

Олмон ва Фаранса дар тӯли ду қарни пешин дасти кам се бор дар ҷангҳои хонумонсӯз муқобили ҳам саф ороӣ кардаанд. Ҳамла императории Прусс ба Фаронса дар 1870, ҷанги ҷаҳонии аввал ва саранҷом охирин ҷанги ҷаҳонӣ. 

Бо ин ҳоли оштии байни ду кишвар пас аз ҳамин ҷангҳо хусусан, ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, муҳиммтарин омили субот ва ташкили Иттиҳодияи Аврупо шуд. Ин бор аммо ихтилофоти байни ду кишвар, дар дараҷаи аввал ношӣ аз ихтилофот дар саҳни Иттиҳодияи Аврупост. 

Муддатҳо пеш аз оғози ҷанги Укроин, кишварҳои ҳавзаи Балтик буданд, ки нисбат ба хатароти Русия Владимир Путин ҳушдор доданд аммо на Олмон ва на Фаронса ин ҳушдорҳоро ончунон, ки бояд ҷиддӣ нагирифтанд. Замон собит кард, ки тарси ин кишварҳо аз Русия бедалел набудааст. 

Софи Пурншелгел, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд муҳиммтарин асари ҷанги Укроин, “ошкор кардани танишҳои таърихӣ байни Олмон ва Фаронса аст.” Танишҳое, ки боис шуд тирамоҳи гузаштаи нишасти вазирҳои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ба таъхир афтад. 

Дар 22 январи гузашта ҳам бо вуҷуде, ки раҳбарони Олмон ва Фаронса ба муносибати шастумин солгарди паймони Элиз бо ҳам дидор карданд аммо ин нишаст низ бидуни тавофуқ бар сари “барномаҳои баландпарвозонаи Иттиҳодияи Аврупо” ба поён расид. 

Тазъифи нерӯи муҳаррик ва роҳбурдии Фаронсаву Олмон дар раъси иттиҳодия ва танишҳои байни ду кишвар саволи муҳимро матраҳ мекунад: бо таваҷҷуҳ ба тағйироти сареъи ҷаҳон ва Аврупо, оё ҳамчунон раҳбарони Фаронса ва Олмон метавонанд инсиҷом ва суботи Иттиҳодияи Аврупоро ҳифз кунанд? 

Аҳамияти ин ду кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо аз он ҷиҳат аст, ки ҳар ду бо ҳам 42 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии Иттиҳодияи Аврупоро дар ихтиёр доранд. Ба иборате дигар наздик ба ниме аз ин сатҳи муҳим, ки нишондиҳандаи қудрати иқтисодии кишварҳост. Дигар аъзои Иттиҳодияи Аврупо, 25 кишвар, бо ҳам танҳо 58 дарсад тавлиди нохолиси дохилиро ӯҳда доранд. 

Бе далел нест, ки Гонзалес Лайя, раиси донишкадаи равобити байналмилали Париж ва вазири пешини хориҷаи Испания мегӯяд, ки “мушорикати Олмон ва Фаронса барои ҳифзи субот ва ироаи сиёсатҳои пайвастаи аврупоӣ зарурӣ аст.” 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин устоди донишгоҳ дар ҳоли ҳозир чунин “мушорикате байни ду кишвар вуҷуд надорад.” Гонзалес Лайя мегӯяд: “ҳар кадом аз ин кишварҳо, Олмон ва Фаронса, ритми мутафовите дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд.” ӯ мегӯяд дар солҳои ахир шоҳиди навъе “ноҳамзамонӣ ва адами ҳамоҳангӣ”-и байни давлату миллатҳои Олмон ва Фаронса ҳастем. 

Ба гуфтаи Лайя “ҳарчанд ҷанги Укроин Эммануил Макронро қонеъ кард то муваққатан даст аз фаъолиятҳои худ дар заминаи ташкили артиши мустақил бикашад” аммо ихтилофоти амиқи байни Олмон ва Фаронса нишон медиҳад, ки ҳамон гуна, ки Макрон дар соли 2019 гуфт, “НАТО аз нигоҳи раисҷумҳури Фаронса ҳамчунон “дучори марги мағзӣ аст.” 

Ҷаласоти ахири нишасти сарони аврупоӣ нишон медиҳад, ки раҳбарони ду кишвари Олмон ва Фаронса ғолибан ду ҷиҳати комилан мухолифро думбол мекунанд. Эммануил Макрон, раисҷумҳури Фаронса бо сиёсатҳо ва хости кишварҳои ҷануби Аврупо ҳамроҳ аст ва Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, сиёсатҳои кишварҳои ҳавзаи Балтика ва шимоли Аврупоро, ки узви Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд думбол мекунад. Ин дугонагӣ метавонад дар дарозмуддат қудрати тасмимгирӣ дар бораи тарҳҳои муҳим ва асаргузори Иттиҳодияи Аврупоро коҳиш диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *