Рубрики Хабарҳо

Толибон ба додани шиноснома ба шаҳрвандон шурӯъ кард

Раванди тақсими шиноснома барои шаҳрвандони Афғонистон, ки ҳудуди панҷ моҳ қабл қатъ шуда буд, дубора аз рӯзи 1 марти соли ҷорӣ дар Кобул ва вилоятҳои ин кишвар аз сар гирифта шуд.

Шабакаи хабарии TOLOnews менависад, масъулони Саридораи шиносномаҳо дар ҳукумати Толибон гузориш медиҳанд, ки ҳамарӯза ба даҳ ҳазор нафар дар саросари Афғонистон шиносномаҳо тақсим карда шуда, авлавият ба беморон ва донишҷӯён дода мешавад.

Нуруллоҳ Патман, сухангӯи Раёсати шиносномаҳо гуфт, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд барои гирифтани шиноснома тариқи интернет сабти ном шаванд.

Бар асоси изҳороти масъулини ҳукумати Толибон тасмим гирифта шуд, ки бақайдгирии онлайн ба хотири ҷилавгирӣ аз фасодкорӣ сурат бигирад.

Бояд гуфт, ки раванди тақсими шиносномаҳо дар Афғонистон тақрибан панҷ моҳ пеш ба далели мушкилоти техникӣ ва норасоии шиноснома қатъ шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *