Рубрики Хабарҳо

Рекорди тавлиди барқ аз хуршеду бод дар Иттиҳодияи Аврупо

Барои нахустин бор дар соли 2022 дар Иттиҳодияи Аврупо тавлиди барқ аз энержиҳои таҷдидпазир аз барқи тавлидшаванда аз газ пеш гузашт. Нидерланд дар заминаи истифода аз энерҷии хуршедӣ ва Дания дар тавлиди барқ аз энергии бод пештози кишварҳои узви Иттиҳодия ҳастанд. 

Чархиш ба самти истифода аз энерҷиҳои таҷдидпазир ва ҷойгузин кардани манобеъи истихроҷшаванда дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар маҷмӯъ ба хубӣ пеш меравад. 

Дар соли 2022 аввалин бор мизони тавлиди барқ аз энержиҳои таҷдидпазир бештар аз барқи тавлидшуда аз газ буда ва кишварҳои узви Иттиҳодия ҳудуди 10 миллиард евро дар хариди газ сарфаҷӯйӣ кардаанд. 

Хабаргузории Олмон рӯзи сешанбе, 31 январ ба нақл аз арзёбиҳои андешакадаи Ember Climate гузориш дод саҳми тавлиди барқ аз энержии офтобу бод дар Иттиҳодияи Аврупо дар соли гузашта ба 22 дарсад расид. 

Ин мизон як рекорди ҷадид ба шумор меравад. Соли 2021 саҳми барқи тавлидшуда аз энержиҳои таҷдидпазир дар Иттиҳодияи Аврупо 19 дарсад бештар набуд. 

Соли гузашта ҳудуди 20 дарсад барқи тавлидшуда дар Иттиҳодияи Аврупо аз газ буд ва ин нишондиҳанда наздик ба як дарсад камтар аз соли 2021 будааст. 

Ҷанги Укроин ва коҳиши вобастагӣ ба гази Русия 

Пеш аз оғози таҷовузи низомиёни рус ба хоки Укроин дар 24 феврали соли қабл, Русия муҳимтарин таъминкунандаи энержии мавриди ниёзи кишварҳои Аврупо буд. 

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо то пеш аз ҷанги Укроин ба таври миёнгин 40 дарсад энержии мавриди ниёзи худро аз Русия дарёфт мекарданд. Мизони вобастагии Олмон ба энержии воридотӣ аз Русия ҳудуди 55 дарсад будааст. 

Бо ворид шудани халал дар содироти нафту газ аз Русия ва таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав, кишварҳои аврупоӣ беш аз пеш дар масири қатъи вобастагӣ ба манобеъи физилӣ (истихроҷшаванда) ва истифода аз энержиҳои пок рӯй овардаанд. 

Олмон аз ибтидои имсол воридоти нафт аз Русияро ба таври комил мутаваққиф кард ва бо роҳандозии ду пойгоҳи дарёфти гази моеъи табиӣ (LNG) дар канори Баҳри Шимол тақрибан аз воридоти гази Русия ҳам бениёз мешавад. 

Дар соли 2022 кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар маҷмӯъи 623 терават соат барқ (623 миллион мегаватт) аз энержиҳои хуршедӣ ва бод тавлид кардаанд. 

Пештозони тавлиди барқ аз энержии таҷдидпазир 

Дар ин муддат бештарин барқи поки тавлидшуда марбут ба Олмон будааст. 126 терават соат аз энержии бод ва 56 терават соат аз энержии хуршедӣ. 

Нидерланд пештози тавлиди барқ аз энержии хуршедӣ дар Иттиҳодияи Аврупост ва ҳудуди 14 дарсад барқи худро аз ин тариқ тавлид мекунад. Юнон ва Венгрия ҳар як бо 13 дарсад дар радаҳои баъдӣ қарор доранд. 

Дания дар заминаи истифода аз энержии бод барои тавлиди барқ бо фосилаи зиёде аз дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар садр қарор дорад. Дар ин кишвар ҳудуди 50 дарсад тавлиди барқ марбут ба энержии бод аст. Литва ва Ирландия ба тартиб бо 40 ва 35 дарсади ҷойгоҳҳои баъдиро ба худ ихтисос медиҳанд. 

Бар пояи бароварди андешакадаи Ember Climate дар соли гузашта 20 кишвар аз 27 узви Иттиҳодияи Аврупо дар тавлиди барқ аз энержии хуршедӣ ба рекордҳои ҷадиде расидаанд ва амалкарди кишварҳои Олмон, Испания ва Лаҳистон дар ин арза чашмгиртар будааст. 

Афзоиши тавлиди барқ аз энержии бод дар Иттиҳодияи Аврупо ҳам ба таври умда ҳосили густариши қобили мулоҳизаи фаъолиятҳо дар ин ҳавза дар кишварҳои Олмон, Суид ва Лаҳистон будааст. 

“Шпигел онлайн” ба нақл аз арзёбии андешакадаи ёдшуда гузориш дода, ки дар соли гузашта Олмон наздик ба 10 дарсад барқи худро аз энержии хуршедӣ ва 20 дарсад онро аз энержии бод тавлид кардааст. 

Ин арзёбӣ бо омори расмии Ожонси шабакаи барқи Олмон тафовут дорад. Ин Ожонс дар гузориши солонаи худ, ки чаҳоруми январ мунташир шуд мегӯяд андаке беш аз 48 дарсад барқи тавлидшуда дар Олмон дар соли гузашта аз энержиҳои таҷдидпазир буда, ки ба нисбат соли қабл ҳудуди шаш дарсад афзоиш доштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *