Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар нишасти хабариаш имрӯз, 2 феврал гуфт, ният доранд моҳи ҷорӣ аз хабарнигорони боздоштшудаи тоҷик дидан кунанд. Дар ҳамин ба гуфтаи онҳо то имрӯз бо журналистони зиндонӣ на дар боздоштгоҳ ва на дар маҳбас мулоқоте надоштаанд.
Масъулини ин ниҳод хабар доданд, ки вохӯрӣ бо журналистон бо масъулини зиндонҳо машварат шудааст ва рӯзҳои наздик ба дидорбинии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ хоҳанд рафт.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчунин гуфтанд, касе аз шиканҷа шудани журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба онҳо шикоят накардааст ва онҳо ин хабарро аз расонаҳо гирифтаанд. Ва гуфтанд новобаста аз набудани шикояти расмӣ, нақша доранд давоми моҳи ҷорӣ далели шиканҷаро санҷиш намоянд.
Моҳи октябри соли гузашта Пирмуҳаммадзода бо ирсоли як нома аз зиндон навишт, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми бофтаву сохтаи мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.
Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи хабарнигорону блогероне ҳастанд, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тақрибан ҳеҷ таъсире дар кишвар надорад, ба парвандаҳои сиёсӣ дахолат намекунад ва мақомоти тафтишотиву қазоӣ ба ҳарфаш арзише қоил нестанд. Яъне ҳатто дар сурати рафтан ба дидори журналистону кашфи кадом қонуникание, амалан ҳеҷ коре анҷом дода наметавонад.
Аз тарафи дигар ин гуна ваъдаҳо аз тарафи ҳама мақомоти кишвар асосан дар нишастҳои матбуотӣ садо медиҳанд, аммо дар аксар ҳолат иҷро намешаванд.