Се моҳ охир кимати тухми мурғ дар Тоҷикистон боло меравад. Масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби болоравии қимати тухмро зиёд ба фуруш баровардани гушти мурғ гуфтанд. Б
Ба гуфти масъулин «дар моҳҳои сентябр-октябр бино бар сабаби он ки куштани маҷбурии мурғҳои тухмдеҳ бисёр шуд”, тухми мурғ ҳам гарон шудааст.
Пештар намояндагони Вазорати кишоварзӣ гаронии нархи хӯроки парандаро сабаби қимматшавии тухми мурғ гуфта буданд.
Дар ҳоли ҳозир як дона тухми мурғ дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон то 1 сомониву 70 дирам аст. Қаблан як донаи он аз 80 дирам то як сомониву 10 дирам буд.
Болоравии нархи тухми мурғ дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиард дона тухм истеҳсол шудааст. Мақомот мегӯянд, беш аз 16 миллион дона тухмро ба Афғонистон ва наздик ба 3 миллион дона тухми «инкубатсионӣ»-ро ба Узбекистон содирот карданд.