6 апрели соли ҷорӣ мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол сар мешавад.
Тибқи иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, дар ин бора Кумитаи иҷроияи ФФТ қарори худро ба тасвиб расондааст.
Тибқи қарор дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 8 даста Дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан) иштирок мекунад. Чемпионат дар се марҳила гузаронида шуда, дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.
Лигаи миллии футбол рӯзҳои наздик қуръакашии бозиҳои Чемпионатро доир хоҳад кард.