Ӯзбекистон то оғози соли 2025 ба содироти нахи пахта хотима медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2007 се маротиба эълони ин корро карданд, аммо ҳоло танҳо 25%-и пахтаи истеҳсолшаванда дар кишвар коркард мешавад.
Тибқи гуфтаи вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷаи Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов, кишвараш тамоми пахтаи истеҳсолшударо дар дохил коркард карда, ба хориҷ маҳсулот бо арзиши изофашудаи баланд – маҳсулоти нассоҷиро содир хоҳад кард. Тибқи пешбиниҳо соли ҷорӣ содироти маҳсулоти нассоҷии Ӯзбекистон ба $2 млрд. ва дар соли 2025 то $8 млрд хоҳар расид.
Ӯзбекистон дар сол 1,2 млн. тон нахи пахта истеҳсол мекунад. Ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ба ҳамагӣ 120 ҳазор тон мерасад, ки ҳамагӣ 25%-аш дар кишвар коркард мешавад. 75%-и нахи пахта чун маҳсулоти хом содирот мегардад.
н хлопкового волокна в год. Этот показатель в Таджикистане составляет порядка 120 тыс. тонн волокна (3 кг хлопка-сырца ровно 1 кг волокна). В стране перерабатывается порядка 25% от указанного объема, остальная часть идет на экспорт в виде сырья.
В текущем году экспорт текстильных материалов Таджикистана, основная часть, которых приходится на хлопок-волокно, сократился. Объем переработки хлопка-волокна внутри страны также уменьшился.
Гуфтанист, соли ҷорӣ содироти маҳсулоти нассоҷҷӣ аз Тоҷикистон, ки қисми асосиашро нахи пахта ташкил медиҳад, кам шудааст. Ҳамчунин ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар низ поён рафтааст.
Мизони содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулот аз онҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 30,3% суқут кардааст.
Маълумоти оморӣ дар бораи содироти ин намуи маҳсулот аз он дарак медиҳанд, ки ҳудуди 60,4%-и мизони зикршударо фурӯши нахи пахта ба хориҷ ташкил медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ дар январ-августи соли ҷорӣ мизони содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулот аз он $104 млн. 209 ҳазорро ташкил додааст, ки 30,3% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. $62 млн. 991,6 ҳазори маблағи зикршуда аз фурӯши нахи пахта ба даст омадааст, ки он ҳам 41,1% камтар шудааст
Дар ҳамин ҳол мизони воридоти маводи нассоҷӣ ва маҳсулот аз он $42,7 млн.ро ташкил додааст, ки 8,3% афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нассоқӣ бо арзиши афзудаи баланд амалӣ мегардад.
Тибқи маълумоти вазорати саноат ва технологияи нав, дар истеҳсолоти нассоқӣ ва бофандагӣ ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 2,3 дарсад камтар шудааст, ки вазорат онро ба камшавии истеҳсоли нахи пахта рабт медиҳад, ки 53,6% камтар шудаст. Истеҳсоли тухмии пахта бошад 54,6%.
Дар ҳамин ҳол афзоиши 15,9%ии истеҳсоли ресмони бофандагӣ ва 77,4%-ии матоъ ба қайд гирифта шудааст. Мизони умумии истеҳсолоти нассоҷӣ ва бофандагӣ аз авали соли ҷорӣ ба 848,2 млн. сомони ($87,6 млн.) расидааст.