Рубрики Хабарҳо

12400 нафар дар Туркия ва 2800 дар Сурия. Шумори ҷонбохтагон ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст

Созмони мудирияти ҳаводис фавқулъодаи Туркия шумори қурбониёни зилзилаҳои рӯзи душанбеи ҷануби ин кишварро 12 ҳазор ва 391 нафар эълом кард. Дар Сурия то шоми дирӯз дасти кам 2 ҳазору 802 нафар кушта ва 5 ҳазору 35 тан захмӣ шудаанд. Шумори қурбониён ва маҷрӯҳин дар манотиқи таҳти контроли мухолифини сурӣ то ҳол дастрас нест.  

Тибқи додаҳои Созмон мудирияти ҳаводиси фавқулъодаи Туркия шумори ҷароҳатбардоштагон низ бо суръат афзоиш ёфта ва ба 62 ҳазору 914 тан расидааст. 

Пас аз зилзилаҳои аслии 7.7 ва 7.6 баллӣ дар устони Қаҳрамонмараш то кунун 1052 пасларза дар минтақа сабт шудааст. 

Дар Туркия фаъолияти 22 ҳазору 277 кормандони бахши имдод ва наҷоти дохилӣ ва 5 ҳазору 709 нафар аз кишварҳои хориҷӣ барои наҷоти афрод дар зери вайронаҳо боқимонда дар устонҳои Қаҳрамонмараш, Ғозиантеп, Шонлиурфа, Диёрбакир, Адана, Адиёмон, Усмония, Ҳитой, Килис ва Малатё ҳамчунон идома дорад. 

Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир 110 ҳазору 571 нафар аз ниҳодҳои мухталифи вазорати дохила ва дифоъи Туркия бо 5 ҳазору 557 дастгоҳ анвоъи мошинҳои сохтмонӣ ва роҳсозӣ машғул имдодрасони дар манотиқ зилзила зада ҳастанд. 

То ҳанӯз афрози зиндамонда ва маҷрӯҳ, аз он ҷумла кӯдакон аз зери вайронаҳо берун оварда мешаванд. Як навзоди ҳафтмоҳа дирӯз 66 соат пас аз зилзила дар устони Ҳитой аз зери вайронаҳо наҷот ёфт.. 

Ин навзоди наҷотёфта пас аз муоина тавассути тимҳои пизишкии ҳозир дар маҳал ба бемористон интиқол ёфтааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *