Рубрики Хабарҳо

Қазоқистон шурути будубоши доимии хориҷиёнро саххтар кард

Мақомоти Қазоқистон шартҳои додани муҷаввиз барои будубоши доимӣ дар ин кишварро сахттар кардаанд. Акнун шаҳрвандони хориҷӣ бояд шиносномаеро пешниҳод кунанд, ки мӯҳлати эътибори он дар рӯзи дархост на камтар аз 180 рӯзи тақвимӣ хоҳад буд. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар додааст.

Барои гирифтани рухсатномаи иқомати муваққатӣ ҳузури шахсии соҳиби манзил ё шахсе, ки аз номи ӯ амал мекунад, ё розигии нотариалии соҳибмулк зарур аст. Суроғае, ки ҳангоми додани иҷозатнома нишон дода шудааст, бояд рамзи бақайдгирӣ дошта бошад.

Гуфта мешавад, «ин тадбирҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз имкони сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ дар суроғаҳои мавҷуд набуда, инчунин дар суроғаҳои марбут ба муроҷиаткунанда андешида шуданд».

Тағйирот ба «Қоидаҳои додани иҷозатнома ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои будубоши муваққатӣ ва доимӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон» аз 6 январ ворид шуда, даҳ рӯз пас эътибор пайдо кардааст.

Қаблан мақомоти Қазоқистон дар бораи мусоидат ба дарёфти муҷаввиз барои будубоши доимӣ дар ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки соҳиби касбҳои серталаб ҳастанд, хабар дода буданд. Илова бар ин, тартиби вуруди хориҷиён мушаххас шудааст: шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё метавонанд дар давоми 180 рӯз на бештар аз 90 рӯз дар Қазоқистон бимонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *