Рубрики Хабарҳо

Амрико: балони соқитшуда бахше аз новгони балонҳои чинӣ бар фарози 5 қораи ҷаҳон буд

Мақомҳои низомӣ ва иттилоотии Амрико мегӯянд ба ин бовар расидаанд, ки балони ҷосусие, ки рӯзи шанбе ҳадаф қарор доданд бахше аз як новгони (флоти) балонҳои ҷосусии Чин буда, ки бар фарози 5 қораи ҷаҳон парвоз мекунанд. Ҳафтае пеш ва ҳамзамон бо шиносоии як балони чинӣ бар фарози хоки Амрико, расонаҳо аз расади як балони мушобеҳи дигар, ки бар фарози Амрикои ҷанубӣ дар ҳаракат буд хабар доданд. 

Энтони Блинкен, вазири хорҷаи Амрико, ки сафараш ба Пекинро ба иллати вуруди ин балон чинӣ ба осмони Амрико лағв кард, рӯзи чаҳоршанбе гуфт: “Иёлоти муттаҳида танҳо ҳадаф набуда ва ин барнома доманаи васеътареро думбол мекардааст”. 

Ӯ афзуда, ки дар Амрико иттилооте ба даст омада аз боқимондаҳои ин балонро, ки рӯзи шанбе бар фарози обҳои соҳили Каролинаи ҷанубӣ соқит шуд, дар ихтиёри чанд кишвари дигар ҳам хоҳад гузошт. 

Чин, ки дар чанд рӯзи нахуст баъд аз шиносоии ин балон, нисбат ба он вокуниш нишон надода буд, ниҳоятан моликияти онро пазируфт аммо муддаӣ шуд, ки ин як балони таҳқиқоти ҳавошиносӣ буда, ки аз масири аслии худ мунҳариф шуда будааст. 

Амрико аммо мегӯяд ин балони бузург 60 метр баландӣ ва садҳо кило таҷҳизот ба ҳамроҳ дошт ба тавре, ки таҷҳизоти ҳамроҳи он ба бузургии як ҳавопаймои мутавассити борбарӣ ва мусофирбарӣ будааст. 

Ин балон, ки ибтидо бар фарози иёлати Монтана дар ғарби марказии Амрико расад шуд, пас аз убур аз болои марказии ғарб ба шарқи ин кишвар дар болои обҳои соҳили Каролинаи ҷанубӣ бо мушаки як ҷангандаи F-21 Амрико соқит шуд ва дар чанд рӯзи гузашта тимҳои амалиёти нерӯи баҳрии Амрико машғули ҷамъоварии боқимондаҳои он будаанд. 

Ин моҷаро сафари Энтони Блинкен, вазири хорҷа ба Пекинро танҳо 48 соат қабл аз парвоз лағв кард. Ин сафар баъд аз муддатҳо таниш миёни ду ғӯли иқтисодии ҷаҳон, қарор буд гоме муҳим дар ҷиҳати ҳали ихтилофоти ду кишвар бар сари масоиле чун Тайван ва ҳамкорӣ дар мавориди дигаре чун Ковид-19 бошад. 

Ҳамзамон рӯзи чаҳоршанбе  ҳаштуми феврал  рӯзномаи Вашингтон пости Амрико ба нақл аз як мақоми ношинос навишт, ки давлати Амрико мӯътақид аст ин балони таҷассусии соқит шуда бахше аз як амалиёти густурдатар буда ва аз устони соҳилии Ҳойнони Чин контрол мешуда ва ҳадафаш ҷосусӣ бар фарози кишварҳое чун Ҷопон, Ҳинд, Ветнам, Тайван ва Флиппин ҳам будааст. 

Генерал Патрик Райдер, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико, рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ба ақидаи Петагон балонҳои мушобеҳе бар фарози Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ ва ҳамчунин ҷанубу шарқ ва шарқи Осиё ва ҳамчунин қораи Аврупо парвоз кардаанд. 

Генерал Райдер гуфта: “мо ҳоло хеле дар бораи ин балонҳо ва чигунагии расад ва роҳгирии онҳо омӯхтаем”. Ў гуфта акнун итминон дорад, ки ниҳодҳои низомии Амрико тавонистаанд худро барои “роҳгирӣ ва муқобила бо ин тавонмандиҳои таҷассусӣ” огоҳ ва муҷаҳҳаз кунанд. 

Ӯ гуфта агарчи ин балонҳо бо ҳадафи амалиёти таҷассусӣ мавриди истифода қарор мегиранд аммо анвоъи мухталифе доранд ва ба лиҳози андоза ва тавоноӣ гуногунанд. 

Мақомҳои низомии Амрико мегӯянд балонҳои назир он чи рӯзи шанбе соқит шуд то кунун дасти кам 4 бор аз осмони Амрико убур дода шудаанд ҳар чанд генерал Оидр рӯзи чаҳоршанбе ҷузиёт дар шарҳи ин иддаои худ ироя накард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *